• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня48
mod_vvisit_counterВчера970
mod_vvisit_counterВ неделю48
mod_vvisit_counterПрошлом неделе6565
mod_vvisit_counterМесяц25773
mod_vvisit_counterПрошлом месяце28345
mod_vvisit_counterОбщий867030

Онлайн 9
ваша IP: 216.73.216.111
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-12-28 01:17
16.10.2024 02:45
There are no translations available.

ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
Возможно, это изображение 2 человека и текст14-уми октябри соли 2024 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ, чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Ҷашни Меҳргон-Ҷашни меҳрофарин",бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ бахшҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Раёсати Донишгоҳ, мудири шӯъбаи тарбия, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, раиси иттифоқи ҷавонони донишгоҳ, раиси бонувон ва сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи хеле баланд доир гардида, намоиши шоҳу арӯси минтақаҳо, рақсҳои минтақа ва ҳамчунин намоиши меваву сабзавот ба роҳ монда шуд.

 
11.10.2024 13:50
There are no translations available.

 

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ГЁТЕ
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текстШуруъ аз 9-уми октябри соли 2024 то санаи 11-уми октябри соли равон муовини ректор оид ба илми ДДОТ ба номи С. Айнӣ профессор Сангинзод Д.Ш. ва мудири кафедраи забони олмонии факултети забонҳои романӣ-германӣ н.и.ф. дотсент Ғиёсов Ф.Н., ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии Институти Гёте дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.
Вобаста ба ин 1-уми октябри соли ҷорӣ конференсия байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ бо методҳои навин» бо иштироки намояндагони 10 донишгоҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини ректор оид ба
 
07.10.2024 05:17
There are no translations available.

ОМӮЗГОР- ЧАРОҒИ РӮЗГОР

Ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Воқеан омӯзгор ҳамчун чеҳраи воқеии миллат шинохта мешавад, таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф ба ин чеҳраи мунавварфикр вобаста аст. Ҳар қадар омӯзгор бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ бошад, ҳамон қадар давлат пеш меравад ва аз дастовардҳои илмии омӯзгорон махзани илми мамлакат пурбор мешавад, дар ҷодаи мактабу маориф навгониҳои тоза ба миён меояд. Зеро ҳеҷ кишваре қодир нест, ки бе мактабу маориф пеш равад, рушд кунад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад. Ба ин хотир, соҳаи мактабу маориф ва фаъолияти омӯзгор дар саргаҳи афкори сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа чорасозӣ мешавад. Қабули ду стратегия ва амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф далели ин гуфтаҳост. Илова бар ин, 19%-и буҷаи солонаи ҷумҳурӣ, ки 7,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф марбут аст.
 
05.10.2024 02:57
There are no translations available.

ФАЛСАФА ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 2 человека, телевизор, помост и текстИмрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конфронси илмиву амалӣ зери унвони «Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон» доир шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангзиносӣ Саидова Гулхумор ифтитоҳ намуд. Муовини ректор оид ба таълим Наҳтулло Айнуллозода иброз дошт, ки конфронси мазкур ба ифтихори 100 - солагии Мунзифа Ғаффорова - файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Номбурда солҳои 1940–1943 дар бахши табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил кардааст. Солҳои 1957–1962 дотсенти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1962–1973 мудири кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур кор кардааст. Солҳои 1974–1979 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1979–1988 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории

 
05.10.2024 02:53
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстИмрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор маҳфили адабиву фарҳангӣ доир шуд. Ректори донишгоҳ зимни кушоиши маҳфил иброз дошт, ки ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Воқеан омӯзгор ҳамчун чеҳраи воқеии миллат шинохта мешавад, таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф ба ин чеҳраи мунавварфикр вобаста аст. Ҳар қадар омӯзгор бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ бошад, ҳамон қадар давлат пеш меравад ва аз дастовардҳои
 
05.10.2024 02:49
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 6 человек и текстИмрӯз дар факултети филологияи донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҳфили илмиву фарҳангӣ доир шуд. Декани факултет, доктори илмҳои фалсафа Фаррух Худойдодзода маҳфилро ифтитоҳ намуда суханро ба сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Фарзона дод. Номбурда иброз дошт, ки масъалаи муҳиме, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни
 
05.10.2024 02:46
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст2-юми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, деканони факултетҳову кураторони гурӯҳҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях