|
14.06.2022 12:34 |
|
МУРОҶИАТ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАД
Имрӯз ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандону донишҷӯён дар толори Шӯрои олимон шаҳрвандонро қабул кард.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо муроҷиаткунандагон таъкид намуд, ки мақсад аз баргузор намудани рӯзҳои қабул ин дар доираи қонун баррасӣ ва тибқи тартиботи қонунгузории соҳаи маориф кӯмак намудан ба муроҷиаткунандагон мебошад.
|
|
15.06.2022 05:38 |
|
ИДОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тӯли фаъолияти худ дар ҷодаи робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи пурсамар дошта, бо зиёда аз 90 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, инчунин ҷамъияту ташкилотҳои байнаймилалӣ ва созмонҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамасола тибқи бандҳои шартномаҳои байнидонишгоҳӣ хатмкардагони зинаи бакалавриати ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (аспирантура, докторантура) дар хориҷи кишвар идома медиҳанд.
|
|
14.06.2022 10:19 |
|
ЭЪЛОН
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” барои ишғоли вазифаҳои холии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент дар кафедраҳои дахлдори донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд.
|
|
14.06.2022 09:31 |
|
РЕКТОР: КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТРО БОЯД РИОЯ КУНАНД!
Субҳи имрӯз, 14-уми июни соли 2022 бо мақсади назорати вазъи интизоми кории масъулин ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати бевоситаи ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳи донишгоҳ рейди махсуси назоратӣ баргузор гардид.
Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки шумораи зиёди омўзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба кор дер меомаданд.
|
|
14.06.2022 09:24 |
|
РЕКТОР: КОРМАНДОНИ ХОҶАГИДОРӢ БОЯД БОМАСЪУЛИЯТ БОШАНД
Вохӯрии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо кормандони қисми иқтисод ва хоҷагидорӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ фаъолияти қисми иқтисод ва хоҷагидории донишгоҳро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кориашон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф иброз дошт, ки дар тозагиву озодагӣ, ва ободонии донишгоҳ кормандони қисми иқтисод ва хоҷагидорӣ бояд бо масъулияти баланд ва меҳру муҳаббати ватандорӣ фаъолият намоянд. Ҳамчунин ректори донишгоҳ ҷиҳати сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
|
|
13.06.2022 11:53 |
|
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ВА ИҚДОМҲОИ НЕКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз, дар таърихи 13-уми июни соли 2022 ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Ректори донишгоҳ муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода, зимни ҷаласаи корӣ иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.
|
|
12.06.2022 06:14 |
|
ШАНБЕГӢ БИДУНИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН БАРГУЗОР ГАРДИД
12-уми июни соли ҷорӣ баҳри тақвияти корҳои ободониву покизагӣ дар асоси дастури ректори донишгоҳ, ҳашари дастаҷамъона дар утоқҳои корӣ ва гирду атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур ҳайати раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд. Шанбегии мазкур, ки бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, утоқҳои корӣ ва кафедраҳо роҳандозӣ гардида буд, бидуни ширкати донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
11.06.2022 09:48 |
|
НАМОИШ-ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФИ РОССИЯ. ТОҶИКИСТОН-2022"
10 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Россия. Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Дар ин намоишгоҳ 34 донишгоҳи Федератсияи Россия, 4 филиали донишгоҳҳои Маскав дар Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус муаррифӣ шуданд.
Идомаи чорабинӣ имрӯз (11.06.2022) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 17:00 идома дорад.
Хатмкунандагони дараҷаи бакалавриат барои дохилшавӣ ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
|
|
|
|
|