• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз815
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта815
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ963260

Online 15
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 15:32
13.01.2023 09:34

ИҚДОМИ НАВБАТИИ МАЪМУРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Субҳи 13 январи соли 2023 бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати тоза кардани пиёдароҳҳо ва таваққуфгоҳҳои атрофи донишгоҳ ҳашари дастаҷамъона анҷом пазируфт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар бартараф намудани мушкилоти ҳаракати одамон ва васоити нақлиёт аз рӯзи нахустини боишоти барфи зиёд ташаббус зоҳир менамоянд.

 
13.01.2023 09:31

МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОНИ СОҲИБЗАБОН


12-уми январи соли равон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона бо омӯзгорони соҳибзабон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба донишҷӯёни донишгоҳ дарс мегӯянд ва тариқи шартномаи дутарафа дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълим, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон нақшаи фаъолияти онҳо баррасӣ гардид.

 
11.01.2023 03:00

ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ БАРҚАРОРУ ИНТИҚОЛ ҲАМЕША ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР ДОРАД

Имрӯз, 10-уми январи соли 2023 Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати таълим ва сармутахассисони ин бахш, муовинони декан оид ба корҳои таълимӣ ва методистону коргузорон ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаро аз пурсиши рафти ҳуҷҷатгузории фаъолияти комиссияи интиқолу барқарор дар факултетҳо оғоз намуда, масъулинро барои саривақт омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастур дод.

 
10.01.2023 11:13

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ТИБҚИ ТАРТИБИ МУҚАРРАРӢ

Имрӯз, дар таърихи 10 январи соли 2023 дар асоси тартиби рӯзҳои қабул аз ҷониби ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати баррасии дархости муроҷиаткунандагон  рӯзи қабул анҷом пазируфт. Муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи роҳбари Донишгоҳ дар доираи талаботи қонун баррасӣ гардида, вобаста ба моҳият талаботу хоҳиш аксар муроҷиаткунандагон  қонеъ карда шуд. Дар раванди қабули шаҳрвандон асосан  масъалаҳои интиқолу барқарори донишҷӯён  ва маблағи шартномаи таҳсил пешниҳод гардида буданд. Маврид ба зикр аст, ки ректори донишгоҳ дар доираи салоҳиятҳои хеш дархости муроҷиаткунандагонеро, ки 400 вожаи  серистеъмоли забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи ду ғазали муқарраршуда аз худ карда буданд, қонеъ намуда, бобати таҳлили дархостҳои мухталиф ба мутасаддиёни сохторҳои донишгоҳ вобаста ба моҳияти онҳо супориш ироа кард.

 

 
10.01.2023 06:45

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР СОҲАИ ФИЗИКА

Дар таърихи 9 январи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 – и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ омӯзгори кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Мирзоева К. рисолаи худро дар мавзӯи “Таъсири нанозаррачаҳо бо эффекти “Хотираи шакл” доштаи андазаҳояшон гуногун ба тағйирёбии гармигузаронӣ ва зичии толоул ҳангоми гузариши фазавӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҳмадалӣ Сафаров аз рӯи ихтисоси 01.04.14-Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.

 
09.01.2023 08:48

РЕКТОР: ПЕШРАВӢ АЗ ДУРУСТИИ КОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, 9-уми январи соли 2023 бо ширкати Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро аз пурсиши ҳисоботи ҳафтаинаи масъулин ва деканони факултетҳо оғоз намуда, зимнан аз бемасъулиятии деканони факултетҳои психология, забони русӣ, география, забони англисӣ, химия ва маркази техникӣ ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда пешниҳод накардани ҳисобот ёдовар шуд.
Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти илму таълим, аз ҷумла, нақшаҳои инфиродӣ, саоатҳои таълимӣ, мақолаҳои омӯзгорон, ҳолати иштироки магистрону унвонҷӯён дар дарсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии раванди баргузории имтиҳонҳо, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, интизоми донишҷӯёну омӯзгорон, изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани масъалаҳои мазкур ва инчунин атрофи масъалаҳои муҳими дигар низ дастур дод.
 
07.01.2023 06:25

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-038 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 5 январи соли 2023 омӯзгори кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  Сафармади Мирзовалӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Аломатҳои биоморфологии топинамбур (HELIANTHUS TUBEROSUS L.) дар шароити водиҳои Кӯлобу Ҳисор” зери роҳбарии доктори илмҳои биология Қурбоналӣ Партоев аз рӯи ихтисоси 03.02.01-Ботаника бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ Сафармади Мирзовалиро ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзади илм  табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳои назаррасро таманно дорад.

 
06.01.2023 08:28

ШАРҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ

Дар таърихи 6 январи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вобаста  ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар  ироа гардида буд, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҷараёни  баргузории ҳамоиш муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ Айнуллозода Н. ва Сангинзод Д. Ш., инчунин як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои таърих Аламов Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне, худи Паём хоси давлати мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузориро худ мустақилона муайян мекунад. Сипас, профессори кафедра Раҷабов С. баромад намуда, доир ба нуқтаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бесобиқаанд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ