• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз516
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта516
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11091
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ962961

Online 12
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 08:37
05.02.2026 20:00

НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ДАР МОСКВА ИШТИРОК НАМУД
6-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия марафони байналмилалии «Россия – кишвари оилаҳо» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Каримов Давлатшо дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок кард.
Ҷалби ҷавонони ҷумҳурӣ барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
 
05.02.2026 16:05

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА СТИПЕНДИЯИ LANE KIRKLAND ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Барномаи стипендияи Lane Kirkland баргузор гардид.
Барномаи мазкур аз ҷониби Фонди Озодии Полша-Амрико сарпарастӣ шуда, аз тарафи Фонди роҳбарони тағйирот идора карда мешавад. Ҳадафи вохӯрӣ муаррифии имкониятҳои таҳсил ва рушди илмӣ барои донишҷӯёни донишгоҳ буд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён оид ба иқтидорҳои барнома, шароити иштирок, имкониятҳои буду бош ва роҳҳои дарёфти стипендияи Kirkland Research
 
03.02.2026 19:54

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁН
Нимаи дуюми рӯзи 3-юми феврали соли 2026 дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳ доир ба баргузории вохӯриҳо бо донишҷӯёни факултетҳо дар мавзуи “Масъулияти ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, таълимотҳои ғайрирасмии динӣ, бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ миёни ҷавонон” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
 
03.02.2026 19:36

НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «ТАНГОИ ҶИНОЯТӢ»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Тангои ҷиноятӣ»-ро манзури аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ гардониданд.
Намоишномаи мазкур таҳти коргардонии Ватандор Шеров аз рӯи асари Эган Ранет рӯйи саҳна оварда шуда, бо тарзи ҷолиби таҳияи саҳнавӣ ва иҷрои касбии ҳунармандон таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
 
03.02.2026 19:25

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Рӯзи 03.02.2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
03.02.2026 11:21

САФАРБАРНАМОИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНИ PhD БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Раҷабзода Сироҷиддин ва иштироки сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат, мудирони кафедраҳо, магистрантони курсҳои 1 ва 2, докторантони PhD-и курсҳои 1 ва 2 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи сафарбар намудани магистрантон ва докторантони PhD ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ ва илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи нақшаи таълимӣ, магистрантони курсҳои 1-ум ва 2-юм аз 02 феврал то 28 феврали соли 2026 ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ сафарбар мегарданд.
 
02.02.2026 13:49

ҒОЛБИЯТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Хонандаи Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Парвиз Файзуллоев дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоми роҳбарияти Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ)» аз рӯи 10 фанни таълимӣ миёни хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, аз минтақаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, таҳкими робитаи мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба муҳити илмӣ-таълимӣ мебошад.
 
02.02.2026 10:27

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 02.02.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ