24.02.2025 06:58 |
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки 32 сол муқаддам маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд ва имрӯз он яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ шинохта шудааст.
|
24.02.2025 06:51 |
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ-КАСБОМӮЗИИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ДАР Ш. НОРАК
Имрӯз дар Маркази таълимӣ-касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, омӯзгорон ва таълимгирандагону касбомӯзони ин марказ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори марказ Исоев Саймумин ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо саъю талош ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба сипари боэътимоди давлат мубаддал гаштааст.
Дар охир чорабинии рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону муҳассилини марказ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
|
24.02.2025 06:45 |
ҲИСОБОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Рӯзи 21-уми феврали соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса шунида шуд.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки дар соли 2024 иқтидори илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва самтҳои дигари марбут ба илм назаррас буда, зиёдшавии омӯзгорони соҳибунвон дар Донишгоҳ тадриҷан рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳамзамон дар донишгоҳ 6 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 13 ихтисос фаъолият менамояд.
|
24.02.2025 06:25 |
ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Имрӯз дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур директори литсей Қосимов Қ., муовини директор оид ба таълим Қосимов Ф., муовини директор оид ба тарбия Раҳимова Ӯ., роҳбари ҳаракати олимпӣ Комрони М., омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо зинда садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, директори литсей Қосимов Қурбон дар суханронии худ тамоми иштирокчиён, омӯзгорон ва хонандагонро бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хонандагон дар васфи Артиши миллӣ шеърҳо ва сурудҳо қироат карда шуд, ки ба ин восита табъи ҳозирин болида гардид.
|
24.02.2025 05:58 |
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 21.02.2025 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забони миллат – ҳастии миллат” баргузор гардид. Дар конференсия намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба ном Рӯдакии АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Абдуҷалилзода Ф., деканҳои факултетҳои Донишгоҳ, омӯзгорони факултети филологияи тоҷик иштирок намуданд.

|
24.02.2025 05:50 |
ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВА МАҶЛИСҲОИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар таърихи 20-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳ вохӯрии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 ва маҷлисҳои вакилони халқ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Рамазонӣ - шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, Раҳмон Дилшод Сафарбек – шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25, Забирзода Некрӯй Ханҷар - номзад ба

|
24.02.2025 05:39 |
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ АСОСӢ ВА РОҲИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
Тибқи нақша-чорабинии Донишгоҳ рӯзи 20.02.2025 вохӯрии гурӯҳи корӣ дар мавзӯъи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо донишҷӯёни факултети математика ва информатика баргузор гардид. Зимни он декани факултети математика ва информатика Зеваршозода Умар, Каримзода Давлатшо – мудири шуъбаи тарбия, Зубайдуллозода Саидҷон – ассистенти факултети таърих ва ҳуқуқ, сармутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Ҳасанов Ҳусейн, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултет Авезов Раҷаббек ва дигар шахсони масъул иштирок ва оид ба иҷрои бандҳои дахлдори “Барномаи тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” оид ба иҷрои бандҳои дахлдори

|
24.02.2025 04:17 |
БОРИ НАХУСТ: ОҒОЗИ АМАЛИШАВИИ БУЗУРГТАРИН ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Бори нахуст дар таърихи фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ татбиқи лоиҳаи байналмилалӣ таҳти унвони “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ба роҳ монда шуд. Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 таҳти №664 ба имзо расидааст. Фаъолияти лоиҳа аз 1-уми майи соли 2024 оғоз гардида, анҷомёбии он 31-уми июни соли 2030 дар назар гирифта шудааст.

|
|
|
|