|
07.09.2021 06:00 |
|
Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати
30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
07.09.2021 10:50, шаҳри Душанбе
7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро карда шуд.
Маросими бошукуҳи ҷашнӣ, бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад.
Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.
|
|
07.09.2021 05:52 |
|
Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни
30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
07.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд.
Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз мешавад.
Ба ифтихори ин санаи мубораку сарнавиштсоз тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шуморо, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрик мегӯям.
Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.
Дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақши барҷастаи таърихиро иҷро карданд.
Ба хотири таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи сокинони кишвар садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷои мо ҷони худро қурбон карданд, ки мо дар ин лаҳзаҳои ботантана ва ҳамеша номи нек ва хотираи онҳоро гиромӣ медорем.
|
|
06.09.2021 15:40 |
|
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
6-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик бо иштироки устодон, шогирдон ва кормандони дигари ин факултет мизи муддаввар таҳти унвони “Истиқлол-неъмати бебаҳост” бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки роҳбарии ин мизи мудавварро д.и.ф., профессори кафедраи нзария ва таърихи адабиёт Вафо Элбоев бар ӯҳда дошт ва ҷаласаи мазкур аз 9 барнома иборат буд, ки сухангӯёни он доир ба хусусиятҳои болоравии самти илм, маориф, фарҳанг, хоҷагӣ, иқтисод, тандурустӣ ва рушди барномаҳои дигар дар зарфи 30 соли охир андешаронӣ намуданд.
|
|
06.09.2021 15:26 |
|
БУРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДОНИШҶӮИ
ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИИ “САФАРИ БУРДНОК”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ”City Card“ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар шакли пурра ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бозии “Сафари бурднок”-ро миёни шаҳрвандон ва сокинони пойтахт гузаронида буд ва ҳосили ҳамаи даврҳои ниҳоии он, ки дар зарфи чаҳор моҳ тӯл кашид, ҷамъбаст гардид. Қобили зикри хос аст, ки ғолиби озмуни он ба таври ғайричашмдошт донишҷӯи курси 3-юми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ –Авезов Муллоназар интихоб гардид.
|
|
06.09.2021 15:10 |
|
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ!
Имрӯз, 06.09.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Давлатҷон Ғаффурзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуд. Мавсуф доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, иброз дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он намояд, ки дар як ватани соҳибистиқлолу обод ва демокративу дунявӣ умр ба сар мебарад.
|
|
06.09.2021 14:31 |
|
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ
ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар таърихи 6-уми сентябри соли равон Қосимӣ Саъдӣ, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо”, ки бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Дастовардҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди он дар 30 соли истиқлоли давлатӣ” дар бахши ҳафтуми симпозиум, ки роҷеъ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.
|
|
06.09.2021 14:24 |
|
Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир
муовини якуми ректори
ДДОТ ба номи С.Айнӣ,
н.и.ф., дотсент
ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ОН
ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Соҳибсухане барҳақ фармудааст, ки “Ҳеҷ неъмате беҳтар зи истиқлол нест” ва дар ҳақиқат беҳтарин неъмат барои инсон ба даст овардани истиқлол ва озодӣ ба шумор меравад.
Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол баҳри озодию истиқлол талошу мубориза мебурданд ва ин орзую умедашон 9 сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид ва инак 30 сол мешавад, ки онҳо аз ҳавои фараҳбахши Истиқоли давлатӣ нафас мегиранд ва барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегӣ эълон карда шуда, дар ҷумҳурӣ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.
Ҳамаи рукнҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, дар заминаи мактабу маориф рушд меёбанд. Аз ин ҷост, ки давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, аввалтар аз ҳама, ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи миллатсоз ҷалб месозад.
|
|
04.09.2021 19:54 |
|
“ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАРҲИЛАИ
ТАҚДИРСОЗ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК”
4 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки олимону устодони варзидаи улуми таърих ва таърихшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи пленарӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зер мавзӯи “Рамзи соҳибдавлатӣ”оғоз гардид. Сарвари донишгоҳ меҳмонон, устодон ва аҳли нишастро бо фароҳам омадани чандин ҷашнвораҳои омадаистода, табрику таҳният гуфта, инчунин баргузории ин конфрнесияро, ки шомили 2 бахшу 34 маърӯза мебошад, хеле мубрам ва дар самти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ басо арзишманд арзёбӣ намуд.
|
|