Либоси миллӣ ифтихори ман
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баланд гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ бахусус тарзи ба бар намудани либосҳои миллии тоҷикӣ аҳамият ва таваҷҷӯҳи хосаро тақозо мекунад.
|
Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсия дар донишгоҳ
Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа», ки санаи 16-уми апрели соли ҷорӣ ба кори худ оғоз бахшида буд, идома ёфтанд.
|
Идомаи конференция дар донишгоҳ
Рӯзҳои 16-ум ва 17- уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз ёфта, дар 8- бахш, ки кори худро идома дод.
|
18.04.2019 06:30 |
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия
17.04.2019

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд. Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.
http://www.president.tj/node/19884 |
16.04.2019 05:35 |
Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа
Дар санаи 16-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд,
|
16.04.2019 10:59 |
Забони мо тоҷикист!
Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки ба доираҳои иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.
БАҲCИ АЛИФБОИ ТОҶИКӢ
|
15.04.2019 12:10 |
ТАҶЛИЛИ 141 - СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ
АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар санаи 15-уми апрели соли 2019 ба хотири шод намудани руҳи устод бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Н.У. Ғаффорӣ дар назди нимпайкараи шоир, ки дар назди бинои асосии донишгоҳ қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Сипас бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик
|
15.04.2019 10:48 |
МАҲФИЛ – ОЗМУНИ «ДУРАХШИ ҲУНАР»
Дар санаи 12-уми апрели соли 2019 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён маҳфил – озмуни «Дурахши ҳунар» байни факултетҳои математика ва забон ва адабиёти рус баргузор гардид.
Чорабинӣ аз тарафи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.
|
|
|
|