29.01.2019 04:02 |
Зачем Кабири дает интервью?
В последнее время террористическо-экстремистская организация «Партия исламского возрождения» (ТЭО «ПИВ) и ее главарь Кабири М. вновь развили активную агитационную и публичную деятельность в комфортных условиях западного зарубежья.
|
29.01.2019 03:58 |
Иддаои навбатии Кабирӣ
Намояндагони гурӯҳи наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун чодари найранг аз рӯи роҳбарияташ гирифта шудааст, симои аслии худро ба намоиш гузошта истодааст. Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки охиран дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаву хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.
|
29.01.2019 03:51 |
Мусоҳибаи роҳбари наҳзатӣ – туҳматзанӣ ва худсафедкунӣ
Дар бахши англисии Радиои Озодӣ мусоҳибаи роҳбари фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нашр гардидааст, ки аз фаъолияти иғвоангезона ва ғаразноки ин расонаи хабарӣ шаҳодат медиҳад ва ин амали журналистони мазкурро як навъ ҳамдастӣ бо терроризм ҳисобидан мумкин аст. Ғайр аз ин дар аввали мусоҳиба оид ба масъалаи мазкур қасдан маълумоти хато оварда шудааст.
|
26.01.2019 08:30 |
Тартиби холгузорӣ ба фаъолияти ҳафтаинаи донишҷӯ ва кор бо кабинети инфиродии омӯзгор
Маълум аст, ки шурӯъ аз нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2018-2019, яъне моҳи сентябр, ҳар як донишҷӯи шуъбаи рӯзона вобаста ба курс ва ихтисос (равия) бояд дар як фосила (рейтинг) соҳиби 100 хол гардад. Вобаста ба ҳафтаҳои таълимии фосила, барои як ҳафтаи таълимӣ 12,5; 16,6 ва 20 холро ташкил менамояд. Миқдори ҳафтаҳои таълими барои як фосила аз рӯи чӣ муайян мегардад? Вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва рисолаи хатм як фосила ба 5,6 ва 8 ҳафта ҷудо мешаванд.
|
26.01.2019 08:22 |
БАРРАСИИ ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БА НИМСОЛАИ НАВИ ТАҲСИЛ
Санаи 25-уми январ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ бо ҳузури устодону омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) баррасӣ гардид. Нахуст ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти таълимии донишгоҳ дар давоми соли сипаришуда андешаронӣ намуда, аз муваффақиятҳои бадастомада ва мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуд.
|
26.01.2019 08:01 |
Ширкати кормандони донишгоҳ дар конфронс
Санаи 25-уми январ намояндагони донишгоҳ Мусоҷонова Ҷ.М. - муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Саидова Г. - мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, Маҷидова Б. - доктори илмҳои педагогӣ, Иматова Л. - доктори илмҳои педагогӣ ва 20 нафар донишҷўёни фаъоли донишгоҳ дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо», ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
|
26.01.2019 07:51 |
Мушкилоти молиявӣ – асли қазияи бозмонди нашрияҳо
Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сўфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рўзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медиҳад, аз ҷумлаи шеър ва матолиби публитсистї назари шахсӣ ва диди инфиродии ӯст ва ба ин дидгоҳу мавқеъгирӣ қоилем.
|
25.01.2019 06:32 |
МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН
Аз ҷониби Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 28 декабри соли 2018 дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фикру ақидаи мардум нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пурсиши иҷтимоӣ гузаронида, шуд. Пурсиш дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шуда, шумораи пурсидашудагон 2796 нафарро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.
|
|
|
|