11.10.2018 10:27 |
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИКИСТОН

11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд. Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
|
06.10.2018 14:49 |

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ
Пешаи омӯзгорӣ аз азал афзали ҳамаи касбу ҳунарҳо буда, омӯзгор бо маърифатофаринӣ ва равшангарии донишу раҳнамоии мардум дар роҳи даст овардани бахту саодати инсоният ва рифоҳу саодати ҷамъият саҳми бузург дорад.
Ба истиқболи Рӯзи омӯзгор санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
|
05.10.2018 13:35 |

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хосса бархӯрдор буда, ҳамасола ба хотири гиромидошти он санаи 5-уми октябр дар мамлакат “Рӯзи забони давлатӣ” ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик имрӯз, 5-уми октябр, дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронс бо ширкати устодону донишҷӯён баргузор гардид.
|
05.10.2018 12:09 |

ДИКТАНТ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 5-уми октябри соли 2018, дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ донишҷӯён ва устодони факултет ва кафедраҳо ба навиштани диктанти умумӣ ҷалб карда шуданд. Мавзӯъҳои диктант аз матнҳои бадеии классикони гузаштаи тоҷик, осори адибони муосир ва суханрониҳои Пешвои миллат баргузида шуда, навиштани диктант ба таври муташаккилона соати 0900 оғоз ёфт.
|
05.10.2018 09:00 |

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУХТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям.
Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.
Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
|
03.10.2018 11:24 |
БЕҲТАРИН ҶАВОНДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ МУАЙЯН ШУД
Бо ташаб буси қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷўдухтарони факултетҳои донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» баргузор гашт, ки аз ҳар як факултет як нафар донишҷўдухтар иштирок карданд. Озмун аз панҷ шарт иборат буд, ки ҳар як шарт то панҷ дақиқа иҷро карда шуд. Дар охир беҳтаринҳо муайян гардиданд ва ҷойи якум насиби донишҷўи факултети филологияи тоҷик Убайдуллозода Нодира шуда, ӯ инчунин барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Сазовори ҷойи дуюм донишҷўи факултети математика Ҳоҷиева Мадина ва ифтихорманди ҷои сеюм донишҷўёни факултетҳои физика Давлатзода Меҳрона ва забон ва адабиёти рус Муқумова Мавлуда гардиданд.
|
29.09.2018 10:49 |

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИИ СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз санаи 27-ум то 29-уми сентябри соли 2018 тренинги омӯзиширо барои ҷавонон дар мавзӯи «Омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ: Қадам ба қадам» миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ, техникӣ ва технологии пойтахт, донишкадаи забонҳо ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор намуд. Пас аз анҷоми тренинги омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификат тақдим карда шуд.
|
|
|
|