31.12.2024 02:01 |
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Дар ҷаласаи назоратӣ, ки имрӯз бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода як қатор масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, масълаҳои омода намудани нақша-чорабинӣ оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани нуктаҳо ва масъалагузориҳо дар Паёми
|
28.12.2024 02:30 |

МАВОДИ ҒИЗОӢ ВА ХОНИ ИДОНАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРИЧАШМАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН |
18.12.2024 03:33 |
ДАР МАВЗУИ «ҶИҲАТҲОИ ПСИХОЛОГИИ ДАРКИ ҚОНУН АЗ ТАРАФИ ШАҲРВАНДОН» КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи умумӣ ва педагогии факултети психология дар мавзуи “Ҷиҳатҳои психологии дарки қонун аз тарафи шаҳрвандон” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузолр гардид.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода аз ҷониби муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои
|
18.12.2024 03:30 |
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
 Имрӯз аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода донишҷӯён ва шаҳрвандони бо ариза муроҷиат намуда, қабул гардиданд. Албатта дар доираи қонуну санадҳои танзимкунандаи соҳа ва тартиботи дохилимуассисавӣ ба аризаҳои онҳо ҷавоб гардонида шуд.
|
18.12.2024 03:27 |
МИЗИ МУДАВВАР: ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН
 Тибқи нақшачорабинии тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳ 16-уми декабри соли ҷорӣ дар факултети математика ва информатика мизи мудаввар дар мавзуи "Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр ҳамчун коршиноси соҳа суханронӣ намуд. Зимни суҳбат доир ба пайдоиши таърихии терроризм, заминаҳои ҳуқуқӣ ва омилҳои фалокатбори он дар замони муосир андешаронӣ карда, таъкид
|
17.12.2024 06:33 |
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки дар он ректор муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода як қатор масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тақвият бахшидани корҳо дар самти илм, таълим, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ аз зумраи онҳо мебошанд.
|
14.12.2024 06:32 |
ХОНИШИ СИЁСӢ: “ШОҲНОМА” – ҲАМОСАИ МИЛЛӢ
Дар хониши сиёсии имрӯза доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Элбоев Вафо Ҷӯрақулович оид ба “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд. Дар қисмати интиҳо миёни баромадкунанда ва иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ин ҳамосаи миллӣ саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ном Садриддин Айнӣ бори нахуст миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар МУНТАХАБИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ омода ва чоп гардид, ки профессор Элбоев Вафо яке аз муҳаррирони масъули ин китоб мебошанд.

|
14.12.2024 06:29 |
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ “НАҚШ ВА МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОР ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Рӯзи 12 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақш ва масъулияти омӯзгор дар замони истиқлол" бо ибтикори кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии факултети педагогика гузаронида шуд.
|
|
|
|