• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз444
mod_vvisit_counterДирӯз959
mod_vvisit_counterДар ҳафта5709
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6291
mod_vvisit_counterМоҳ2218
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта24350
mod_vvisit_counterҲамагӣ667541

Online 3
IP шумо: 18.218.102.138
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-05-03 14:15
06.12.2024 03:19
МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ТАҲСИЛ ДАР ФАРОНСА ВА ДИГАР КИШВАРҲОИ АВРУПО

 

Возможно, это изображение 15 человек, люди учатся и текстРӯзи 5-уми декабри соли 2024 масъули бахши “Кампус Франс” (Campus France)-и Маркази фарҳангии “Бохтар” Александр Иду ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ ташриф оварда, бо донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ, ихтисосҳои забони фаронсавӣ дар хусуси таҳсил дар зинаи магистратура дар донишгоҳҳои Фаронса ва дигар кишварҳои фаронсавизабони Аврупо суҳбат намуд.
Меҳмонро муовини ректор оид ба корҳои хориҷии донишгоҳ Қурбонзода Рухшона қабул ва ба факултети забонҳои романӣ-германӣ роҳнамоӣ намуданд.
Дар факултет декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Исломзода Ҷ. ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ Султонзода С. меҳмонро дар толори Шурои олимони факултет пазироӣ карданд.
 
05.12.2024 03:55

 

ҲИСОБОТИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ДОНИШГОҲ ШУНИДА ШУД
Возможно, это изображение 12 человек4-уми декабри соли 2024 тибқи ҷадвали баргузории рӯзҳои ҳисоботдиҳии шуроҳои диссертатсионӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи шуроҳои диссертатсионии 6D.КОА-047, 6D.КОА-058, 6D.КОА-068, 6D.КОА-069, 6D.КОА-071, 6D.КОА-074 оид ба ҳисоботи солонаи шуроҳо дар соли 2024 бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад –
 
05.12.2024 03:50

 

ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУН

Возможно, это изображение 3 человека и текстМуовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сангинзод Дониёр Шомаҳмад дар озмуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин таблиғотчӣ” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғолиби ҷойи 2-юм гардида, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоиза ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.


 

 

 
05.12.2024 03:27
ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ

Возможно, это изображение 2 человека, осветительное оборудование и помостДар асоси нақшаи раёсати Донишгоҳ ҷиҳати пешгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб бо донишҷӯёни факултетҳои химия ва биология вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултети химия Алимов Сироҷиддин, декани факултети биология Рауфов Раҳматулло, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Нуриддин Парвин, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ Қодирзода Сайвалӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон” Кенҷазод Фаридун, мудири бахши тарбия Алланазаров Шараф ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Давлатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
05.12.2024 03:23

ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Донишҷӯи соли 5-уми факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Чутаев Бунёд ғолиби даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" аз рӯи номинатсияи "География" гардид. Ӯ соли сеюм аст, ки дар озмуни мазкур иштирок менамояд ва соли равон бо кӯшишу заҳмати зиёд тавонист, ки пирӯзӣ ба даст орад. Вай аз рӯи номинатсияи “География” ғолиби ҷойи аввал дар соли 2024 ва соҳиби 35000 (сиву панҷ ҳазор) сомонӣ гардид.
 
05.12.2024 03:21

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз дар Ҷумҳурии Туркманистон аз фанни физика олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин олимпиада аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 4 нафар донишҷӯёни факултети физика ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр бо дигар масъулони қисми илм аз рафти иштироки донишҷӯён дар олимпиада дидан намуда, ба онҳо комёбию бурдбориҳо таманно намуд.
 
04.12.2024 04:00

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАРОИ "ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ"

Возможно, это изображение 1 человек, помост и текстСанаи 3-уми декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи "Консепсиюн миллии тарбия", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият "Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ", "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон", нақша-чорабинии донишгоҳ вобаста ба тарбия, ташаккул ва камолоти донишҷӯён, пешгирӣ аз
 
04.12.2024 03:57

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР

Возможно, это изображение 11 человек и костюмДар рӯзи қабул ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо падару модарон ва наздикони донишҷӯёне, ки мунтазам дарсшиканӣ карда, тартботи дохилидонишгоҳиро риоя намекунанду либоси тавсиявии донишҷӯиро намепӯшанд, суҳбат намуд. Аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба тарбия, таълим ва тақдири минбаъдаи фарзандони хеш бетараф набошанд ва дар баробари омӯзгорон онҳо низ аз болои насли ҷавон дар оила корҳои тарбиявӣ ва назоратиро ҷоннок намоянд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ