• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз309
mod_vvisit_counterДирӯз848
mod_vvisit_counterДар ҳафта309
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5770
mod_vvisit_counterМоҳ5336
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта18565
mod_vvisit_counterҲамагӣ766548

Online 15
IP шумо: 216.73.216.134
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-09-07 10:19
24.02.2025 04:07
ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ “АВАНГАРД” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садириддин Айнӣ баҳри тақвияти фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бо аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, муовини аввали сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, и.в. роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Назарзода Нигора иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
24.02.2025 03:46

ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ: ШИНОНИДАНИ 600 БЕХ ДАРАХТ

Бо дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода рӯзи 19 феврали соли 2025 аксияи ниҳолшинонӣ дар боғи “Агробиолабараторӣ”-и муассиса идома намуд.
Дар ин рӯз аз ҷониби садорати факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён қисмати дигари боғ аз растаниҳои бегона покиза карда шуда, ба замин пору пошида шуд. Инчунин дар миёни дарахтони боғ зиёда аз 600 бех ниҳоли нави дигар шинонида шуда, аз ҷониби мутахассисони кордону корозмуда пайванди ниҳолҳо ба анҷом расонида шуд.
Маврид ба зикр мебошад, ки дар партави сиёсати кабудизоркунии Асосгузори сулҳу

 
19.02.2025 06:13

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ МАТЕМАТИКА, ИНФОРМАТИКА ВА ФИЗИКА БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода таърихи 18.02.2025 даври донишгоҳии олимпиада аз фанҳои математика, информатика ва физика баргузор гардид.
Дар олимпиада 78 нафар донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд, ки ғолибони олимпиадаи донишгоҳӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегиранд.

 
19.02.2025 06:06

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ ДОНАНДАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Рӯзи 18.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври якуми аввалин озмуни донишгоҳии “Донандаи забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид. Дар Озмун донишҷӯён аз курсҳои 1 то 5 ва ихтисосҳои забоншиносӣ ва ғайризабонии ҳамаи факултетҳо ҷалб карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки озмун фарогири 6 забони хориҷӣ аз қабили русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва кореягӣ мебошад.
Дар даври якуми озмун миёни донишҷӯён сабқати тестӣ баргузор карда шуд
 
19.02.2025 06:02

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
19.02.2025 05:45

 

ДАР МАВЗӮИ “ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ФАЗОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ ВА ИЛМӢ” КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ, бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти рус, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Забони русӣ дар фазои муосири таълимӣ ва илмӣ” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини якуми ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Н., сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Абдуҷалилзода Ф., декани факултети забон ва адабиёти рус Худойдодзода Ф.Б. иштирок намуданд.

 
18.02.2025 08:14

 

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ИЛМ
Рӯзи 17 феврали 2025 муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, д.и.хим., профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром дар шаҳри Москва бо директори Институти химияи органикии ба номи Зелинскийи назди Академияи илмҳои Россия, д.и.хим., профессор, узви вобастаи АИР Терентев Александр Олегович мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот тарафҳо барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ байни ду муассисаи илмию таълимӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд.
Шартномаҳои мазкур фарогири ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ-омӯзгорӣ, табодули академӣ, ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъсиси шуроҳои муштараки диссертасионӣ, таъин намудани муқарризони расмӣ ба кори диссертатсияҳои унвонҷӯён, баргузор намудани
 
17.02.2025 12:08

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо зинда садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода баргузор шуд. Дар кори он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Донишгоҳ аз ҷумла шуроҳои диссертатсионӣ, зиёд намудани шумораи гуруҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ (махсусан дар самти илмҳои дақиқ), ба ҷои кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, идома додани аксияи ниҳолшинонӣ, назорати таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ,
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ