• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз266
mod_vvisit_counterДирӯз922
mod_vvisit_counterДар ҳафта1188
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7270
mod_vvisit_counterМоҳ7748
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28867
mod_vvisit_counterҲамагӣ1020028

Online 11
IP шумо: 216.73.216.104
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-06-08 07:48
29.01.2026 10:21

ИШТИРОК ВА ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БЕҲТАРИН ДАР СОҲАИ МАОРИФ»
Омӯзгори факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хидиров Ғолибҷон дар озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва педагогӣ таҳти унвони «Беҳтарин дар соҳаи маориф» иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси илмӣ-педагогии худ сазовори Дипломи дараҷаи I гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Натиҷаҳои озмун дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъбаст ва эълон гардиданд.
 
29.01.2026 08:14

 

«ФАРҲАНГИ ҲАМГУНҲОИ ШЕВАИ ҶАНУБИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гирдоварӣ ва омӯзиши калимаю истилоҳоти шеваҳои забони тоҷикӣ китоби нави илмӣ-таҳқиқотӣ таҳти унвони «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» аз ҷониби муҳаққиқон С. Раҳматуллозода ва Р. Холназариён таҳия ва ба нашр расид.
Дар суханрониҳо ва санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи ганҷинаи луғавии шеваҳои тоҷикӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Дар ҳамин замина таҳияи фарҳанги мазкур иқдоми муҳим дар роҳи омӯзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ арзёбӣ мегардад.
Фарҳанги номбурда беш аз 2300 калимаи ҳамгуни шеваи ҷанубии забони тоҷикиро дар бар гирифта, барои забоншиносон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли ҳаводорони забон манбаи арзишманди илмӣ ба ҳисоб меравад. Муаллифон дар сарсухани китоб таъкид намудаанд, ки гарчанде то имрӯз доир ба шеваҳои забони тоҷикӣ асару мақолаҳои зиёд ба табъ расидаанд, омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо ҳанӯз анҷом наёфта, таҳқиқоти навро талаб мекунад.
 
28.01.2026 15:25

 

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Адабиёти ҷаҳон ва методикаи таълими забони русӣ дар ҷаҳони муосири технологияҳои инноватсионӣ» намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Шветсия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.
Зимни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон оид ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик, табиати Тоҷикистон, инчунин марҳилаҳои рушд ва дастовардҳои Донишгоҳ аз рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ба ин восита, меҳмонон бо нигораҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дастовардҳои илмию таълимии муассиса аз наздик шинос шуданд.

 

 
28.01.2026 15:25

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ЁФТ
Аз 28 то 29 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Адабиёти ҷаҳон ва методикаи таълими забони русӣ дар ҷаҳони муосири технологияҳои инноватсионӣ» баргузор мегардад.
Конференсия ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида шудааст.
 
27.01.2026 20:13

 

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ СОЗОВОРИ ҶОИЗАИ ОЗМУН ГАРДИД
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси физика ва математикаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзибоева Гулиҷон дар озмуне, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсияи «Ихтирокор» иштирок намуда, сазовори ҷоиза гардид.
 
27.01.2026 19:39

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ СОЛИ 2026-РО БО ДАСТОВАРД ОҒОЗ НАМУД
Рӯзи 27-уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳои соҳа қадрдонӣ шуданд.
 
27.01.2026 19:22

НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «АРӮСИ ҶАНГАРА» (Ё ЭКСТРАСЕНС)
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Арӯси ҷанагара» (ё экстрасенс)-ро пешниҳоди аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ гардониданд.
Намоишнома дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Мирзоев рӯйи саҳна оварда шуда, дар он масоили муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ бо забони ҳаҷвӣ ва таъсирбахш инъикос гардиданд.
 
27.01.2026 16:36

ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ – 2026: САФАРБАРШАВИИ 15 НАФАР ДОНИШҶӮ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОРИҶӢ
Дар доираи татбиқи сиёсати байналмилалии таҳсилот ва густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ 15 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи барномаи табодули академӣ барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардиданд. Ин иқдом бар асоси натиҷаҳои Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созишномаҳои амалкунандаи байнидонишгоҳӣ роҳандозӣ шудааст.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ