|
04.11.2026 17:06 |
|
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД”
|
|
03.11.2026 18:06 |
|
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
03.11.2026 12:23 |
|
ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМ МУБОРАК БОШАД!
 Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2026 Сулаймонзода Нилуфар Сулаймон омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии факултети забонҳои Аврупо ва Осиё ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.5.9. – Назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) сазовор дониста шуд.
Ин дастоварди илмиро самимона муборакбод гуфта, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ комёбиҳои нав, дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои пайваста таманно дорем!
|
|
02.11.2026 15:00 |
|
"ТЕННИСИ РӮЙИМИЗ": ДАСТУРИ НАВИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ НАШР ШУД
 Бо иқдоми кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дастури таълимӣ-методии "Тенниси рӯйи миз" аз чоп баромад. Муаллифони дастур Намозов Тошқул Буриевич ва Наҷмиддинова Гулдаста Душанбеевна буда, бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ аз «12» 06 соли 2026, № 6/7 ба чоп тавсия дода шудааст. Дар дастур тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, масъалаҳои назариявӣ ва амалии тениси рӯйи миз, қоидаҳои бозӣ, усулҳои таълими техникаю тактика фаро гирифта шудааст. Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон, мураббиён ва ҳавасмандони ин намуди варзиш пешбинӣ шудааст.
|
|
02.11.2026 12:56 |
|
ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМ МУБОРАК БОШАД!
 Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2026 Ҳусайнзода Сафаралӣ Мирзомурод ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. – «Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ» сазовор дониста шуд.
Ин дастоварди илмиро самимона муборакбод гуфта, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ комёбиҳои нав, дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои пайваста таманно дорем!
|
|
02.11.2026 11:59 |
|
!ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ PhD МУБОРАК БОШАД
 Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмии омӯзгори факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ НАЗАРЗОДА ФАРАҲНОЗ НАЗАР тасдиқ гардида, ба ӯ дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011000 — Физика (6D011001 — Назария ва методикаи таълими физика (таҳсилоти умумӣ)) дода шуд.
Раёсати донишгоҳ мавсуфро ба муносибати тасдиқи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) самимона табрику таҳният гуфта, барояш сиҳатмандӣ, толеи нек, бурдбориҳои пайдарпай ва саодати рӯзгору пайкор таманно менамояд.
|
|
02.11.2026 11:36 |
|
ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ PhD МУБОРАК БОШАД!
 Бо қарори дахлдори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмии омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мирзоев Саидмузаффар тасдиқ гардида, ба ӯ дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050200 — Сиёсатшиносӣ дода шуд.
Раёсати донишгоҳ мавсуфро ба муносибати тасдиқи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) самимона табрику таҳният гуфта, барояш сиҳатмандӣ, толеи нек, бурдбориҳои пайдарпай ва саодати рӯзгор таманно менамояд.
|
|
02.11.2026 11:27 |
|
ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ PhD МУБОРАК БОШАД!
 Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмии муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети математика ва информатика, ҳамзамон омӯзгори кафедраи геометрия ва математикаи олӣ Ҳасанзода Раҷаббек Ҳасан тасдиқ гардида, барои гирифтани дипломи дараҷаи илмии доктори PhD аз рӯйи ихтисоси математика иҷозат дода шуд.
Раёсати донишгоҳ мавсуфро ба муносибати тасдиқи дараҷаи илмии доктори PhD самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, толеъи нек, бурдбориҳои пайдарпай ва саодати рӯзгору пайкор таманно менамояд.
|
|
|
|
|