• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз390
mod_vvisit_counterДирӯз922
mod_vvisit_counterДар ҳафта1312
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7270
mod_vvisit_counterМоҳ7872
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28867
mod_vvisit_counterҲамагӣ1020152

Online 20
IP шумо: 216.73.216.104
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-06-08 09:48
21.01.2026 20:19

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМ ВА ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони ректор, деканҳои факултетҳо ва муовинони онҳо, мудирони кафедраҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
 
20.01.2026 18:48

НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Хизмати ҳарбӣ»-ро пешниҳоди аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ гардониданд.
 
20.01.2026 16:30

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд

 
19.01.2026 11:04

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 19.01.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
17.01.2026 14:46

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ
Рӯзи 16-уми январи соли равон дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва татбиқи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» доир шуд.
Чорабинии илмӣ таҳти унвонҳои «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди гуногунии биологӣ» ва «Муносибати босалоҳият зимни омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ: воқеият ва имкониятҳо дар шароити татбиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ» баргузор гардид.
 
17.01.2026 13:48

АЗ БАРФ ТОЗА КАРДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ
Субҳи имрӯз аҳли кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ саҳн, роҳравҳо ва дарахтони дохил ва гирду атрофи муассисаро аз барф тоза намуда, ба ин восита дарахтон аз шикастан эмин нигоҳ дошта шуда, ба рафту омади донишҷӯёну сокинони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

 
16.01.2026 21:59

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ РАЁСАТ: СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛИ ШУЪБАИ ҒОИБОНАИ ФАКУЛТЕТҲО ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 16-уми январи соли 2026 дар толори калони фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар асоси нақша-чорабиниҳои қисми тарбия, вохӯрии Раёсати Донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали шуъбаи ғоибонаи факултетҳои забон ва адабиёти рус, технология, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, физика ва психология бо мақсади шиносоӣ бо раёсати Донишгоҳ, ҳамзамон бо оинном
 
15.01.2026 17:12

 

ВОХӮРИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ШУЪБАИ ҒОИБОНА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026
Рӯзи 15-уми январи соли равон дар толори фарҳангии бинои факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раёсати Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми шуъбаи ғоибона факултетҳои иқтисод ва идора, педагогика, биология, география, химия, математика
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ