|
16.11.2017 03:29 |
|
Доимо сарсабз бошӣ, эй Ватан!
Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро дар як шароити вазнин ва пурҳаводис хурду бузург интизорӣ мекашиданд. Аҳолии осоишта аз зулму истибдоди тарафҳои даргир ба ҷон омада, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон панаҳ мебурданд. Нооромию бесуботӣ тамоми қаламрави мамлакатро фаро гирифта буд.
Ашки модарони аз фарзандон ҷудошуда аз пайомади наҳси ҷанги бародаркуш хабар медод. Лашкари ғаму андуҳ меҳмони кошонаҳои мардум гардида буд. Аз ҳеҷ тарафе садои хушу навои ҷонбахш ба гӯш намерасид, балки саросар яъсу
|
|
16.11.2017 03:27 |
|
Масъулони фардои кишварем
Баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро
|
|
14.11.2017 05:29 |
|
Машқҳои пагоҳирӯзӣ
Донишҷӯёни донишгоҳ то саршавии дарс 20-25 дақика ба варзиш машғул мешаванд.
|
|
14.11.2017 05:26 |
|
Футбол - шоҳи бозиҳои варзишӣ
Натиҷаи даври нимфиналӣ ва финалии бозии футболи хурд байни донишҷӯёни соли аввали факултети таърих бахшида ба 25-умин солгии Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Cоли ҷавонон» ҷамъбаст гардид, ки дар ин бозии дӯстона гурӯҳи 1-А ғолиб дониста шуда аз тарафи садорати факултет бо ифтихорномаҳо қадрдони гаштанд.
Садорати факултет аз Раёсати донишгоҳ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ
|
|
13.11.2017 11:35 |
|
Ҷараёни олимпиада дар кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ
Дар санаи 10.11.2017 даври аввали олимпиадаи донишгоҳӣ дар кафедраи назарияи иқтисодӣ баргузори гардид, ки дар он иштирокчиёни олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Олимпиада хеле хуб гузаронида шуд.
|
|
13.11.2017 06:25 |
|
ДАВРИ АВВАЛИ ОЛИМПИАДА ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ УМУМИДОНИШГОҲӢ
Кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар санаи 11.11.2017 соати 10 00 дар Кафедра даври аввали олимпиада аз фанни забони англисӣ гузаронида шуд. Даври аввали олимпиадаи фанни донишҷўёни курсҳои якуми ғайритахассуси, иштирок доштанд. Даври аввал тести дар зинаи intermediate гузаронида шуд.
|
|
11.11.2017 11:06 |
|
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!
Бо ташабуси раисси иттифоқи касаба ва раиси ҷавонони факултаи забонҳои романӣ-германӣ дар ҳамбастагӣ бо Маркази Ҷавонони шаҳри Душанбе дар толори Шӯрои олимони факултаи технология ва иқтисодиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсия бахшида ба 23 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндаҳо аз Академияи вазорати корҳои дохилӣ, маркази ҷавонони шаҳри
|
|
11.11.2017 10:51 |
|
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон»
Санаи 10.11.2017 дар факултети таърих аз тарафи муовини декан оид ба тарбия Наҷмуддинов Т. дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон» баргузор гашт. Омӯзгор қайд намуд, ки дар ҳаёти ҳар як халқу миллат воқеаҳое руй медиҳанд, ки онҳо моҳиятан тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он халқу-миллатро ё ба раванди мусбӣ мегардонад ё ба шикасти сахт дучор мегардонанд.
|
|
|
|
|