• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз845
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта845
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11420
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ963290

Online 18
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 16:24
06.11.2025 17:34

 

БАРРАСИИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ CENTRAL ASIAN FORUM ДАР ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ
Дар доираи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, вохӯрии ҳайати ректорон бо намояндагони Central Asian Forum дар Донишгоҳи Кембриҷ баргузор гардид.
Пеш аз оғози мулоқот, ҳайати Тоҷикистон аз лабораторияи машҳури Cavendish Laboratory дар Донишгоҳи Кембриҷ — яке аз марказҳои пешсафи илмии ҷаҳон дар соҳаи физика — боздид ба амал оварда, бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотии он шинос шуданд.
 
05.11.2025 21:48

 

БО ДОНИШГОҲИ РЕҶЕНТИ ЛОНДОН ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД
Дар доираи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, вохӯрии навбатии ректорон бо намояндагони Донишгоҳи Regent’s University London баргузор гардид.
Пеш аз оғози вохӯрӣ, намояндагони Тоҷикистон бо инфрасохтор, низоми таълим, озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва
 
05.11.2025 18:59

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ҶИЛИН БА ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
5 ноябри соли 2025, бо мақсади шиносоӣ ва баррасии имкониятҳои ҳамкории дуҷониба, ҳайати намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Ҷилин, Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ректор, профессор Ян Сяотян ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
 
05.11.2025 18:44

МИЗИ МУДАВВАР: КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Имруз 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети математика ва информатика бо иштироки декани факултет Зеваршозода Умар, дотсенти кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ Давлатзода Фаридун ва омӯзгорону донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзуи "Конститутсия - бахтномаи миллат" бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баргузорӣ мутахассиси соҳа Давлатзода Фаридун оид ба моҳият ва арзишмандии ин санади муҳими давлатӣ суханронӣ намуда, дар фарҷом ба саволҳои иштирокчиён посух дод.

 
05.11.2025 04:15

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ОСОРХОНАҲОИ ПОКИСТОН
Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Лондон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрии корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди сайёҳии таърихӣ, инчунин пешбурди барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва осорхонаҳоро муҳокима намуданд.
 
05.11.2025 04:11

ТОҶИКИСТОН ВА МАЛАЙЗИЯ — ДАР РОҲИ РУШДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ (ОСОРХОНАҲО)
Дар доираи ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Лондон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Малайзия мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти рушди сайёҳии фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин омодасозии мутахассисон барои бахшҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро муҳокима карданд.
 
05.11.2025 04:08

ҲАМКОРИИ НАВИ ФАРҲАНГӢ ДАР САМТИ ОСОРХОНАҲО БО ИОРДАНИЯ!
Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — World Travel Market London 2025 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Подшоҳии Ҳошимии Иордания мулоқоти корӣ анҷом дод.
 
05.11.2025 04:06

 

ДӮСТИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН БОЗ ЯК ҚАДАМ ПЕШ!
Дар доираи World Travel Market London 2025 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Ҳиндустон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи таҷрибаи Ҳиндустон дар рушди туризми таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси робитаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо ва осорхонаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ