• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз846
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта846
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11421
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ963291

Online 18
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 16:28
03.11.2025 09:50

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РЕКТОР
Имрӯз (03.11.2025) муовини аввали ректор Наҳтулло Айнуллозода, бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва интизоми меҳнат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
01.11.2025 19:20

 

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» СОҲИБИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» натиҷаҳои назаррас нишон додаанд.
Онҳо дар номинатсияҳои зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
???? Ҷойи дуюм – география
???? Ҷойи сеюм – география
???? Ҷойи сеюм – биология
 
01.11.2025 19:18

 

ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ
Раҷабзода Бузургмеҳр, хонандаи синфи 10-уми литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ, дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «Химия» сазовори ҷои сеюм гардид!
Ин муваффақият натиҷаи меҳнатдӯстӣ, дониши баланд ва кӯшиши пайвастаи ӯст.
Дар ин робита, роҳбарият ва аҳли ҷомеаи донишгоҳӣ ба Раҷабзода Бузургмеҳр ин бурдбориро табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар роҳи илму дониш таманно доранд!

 

 
01.11.2025 16:55

БА ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАРАҶАИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD) ДОДА ШУД
Бо Фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, таҳти №395, ба Ибодов Нуралӣ, доктор PhD, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия (6D050901 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) дода шуд.
Роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳӣ Ибодов Нуралиро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ барори кор, комёбиҳои нав ва дастовардҳои арзандаи илмӣ орзу менамоянд.

 
31.10.2025 18:36

ХОНИШИ СИЁСӢ: КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз (31.10.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ва омӯзгорон хониши сиёсӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи ҳуқуқ Давлатзода Фаридун дар мавзуи «Консититутсия ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

 
31.10.2025 14:54

МАҲФИЛИ ДОНИШГОҲИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Имрӯз, 31 октябри соли 2025, тибқи нақшаи кории раёсати Донишгоҳ, маҳфили донишгоҳии “Шоҳномахонӣ” дар факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, профессор Зикирзода Ҳ., намояндаи раёсати илм ва инноватсия Дӯстова Н., муовини декан оид ба илм Холназариён Р.М., мудирони кафедраҳои факултет — дотсентон Иброимова Г. ва Бақозода С., профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Солеҳов Ш. ва Элбоев,
 
31.10.2025 14:45

МИЗИ МУДАВВАР: “ПУЛИ СОМОНӢ — РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Бахшида ба 25-солагии ҷорӣ гардидани пули миллӣ — сомонӣ, санаи 31 октябри соли 2025, аз ҷониби устодони факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
 
30.10.2025 19:02

 

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИККРОМ
Директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Кенҷазод Фаридун дар чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо иштирок ва суханронӣ намуд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ