|
23.09.2026 21:18 |
|
ЛЕКСИЯИ ИЛМӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОЛИМОНИ ОЯНДА» ДАР ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ ВА ХИМИЯ
 23 сентябри соли 2026 дар факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Олимони оянда» лексияи илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Алексей Сергеевич Паевский, доктори илмҳои химиявӣ, муҳаққиқи Институти проблемаҳои физикаи химиявии Академияи илмҳои Русия, барои донишҷӯён ва
|
|
23.09.2026 21:08 |
|
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ АКАДЕМӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «ОЛИМОНИ ОЯНДА»
 23 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир гардиданд. Ин чорабиниҳо, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Олимони оянда» баргузор шуданд, ба татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат дар самти рушди илм ва ҷалби ҷавонон ба муҳити фаъоли академӣ созгор мебошанд.
|
|
22.09.2026 19:04 |
|
 Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо, аз ҷониби ансамбли «Чеҳрнамо»-и Донишгоҳ баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои дилнишин баргузор шуда, боиси хушҳолии аҳли донишгоҳ гардид.
|
|
22.09.2026 17:34 |
|
РӮДАКӢ — ҚОФИЛАСОЛОРИ ШЕЪРУ АДАБИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ
 Рӯзи 22 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ — қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба мақому ҷойгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, нақши ӯ дар
|
|
21.09.2026 17:25 |
|
#РУБРИКА РАВЗАНАИ ОШНОӢ: ЧАРОҒЕ, КИ АЗ СИНФХОНА ФУРӮЗОН ШУД
 Зиндагӣ гоҳе ба китобе мемонад, ки саҳифаҳои онро инсон худ менависад. Баъзе саҳифаҳо бо шодию комёбӣ пур мешаванд, баъзеҳо бо ранҷи ҷустуҷӯ, интизору сабр. Аммо ҳастанд инсонҳое, ки ҳар саҳифаи умри худро бо ҳарфи некӣ, дониш ва меҳнат менависанд. Роҳи онҳо ором аст, вале асарашон дар хотири дигарон дер боқӣ мемонад. Роҳи омӯзгорӣ аз ҳамин гуна роҳҳост.
Омӯзгор ба синфхона ворид мешавад, аммо дар асл ба қалби инсонҳо қадам мегузорад. Ӯ китоб мекушояд, вале ҳамзамон равзанаи андешаро боз мекунад. Ӯ савол медиҳад,
|
|
21.09.2026 11:16 |
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Рӯзи 21.09.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
18.09.2026 19:13 |
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: “ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ”
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ дар мавзуи «Эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими хотираи таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир гардида, дар он роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва
|
|
18.09.2026 18:45 |
|
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
|
|
|
|
|