• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз896
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта896
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11471
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ963341

Online 12
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 18:02
06.10.2025 09:50

 

ШИНОСОИИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК БО ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Имрӯз Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея О-Бонг Янг дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид ба амал овард. Меҳмононро директори Осорхона Пулотов Абдураҳмон дар саҳни Осорхона гарму самимӣ пешвоз гирифта, барои О-Бонг Янг ва ҳайати ҳамроҳашон роҳбаладӣ намуд.

 
06.10.2025 09:44

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ: “ДАВРАҲОИ МУОСИРИ РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ, НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ”
Имрӯз, 4-уми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва 80-солагии узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои химия, профессор Бандаев Сироҷиддин Гадоевич конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Давраҳои муосири рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф: масъалаҳои мубрами рӯз, назария ва амалия” баргузор гардид.
 
06.10.2025 09:21

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ»

Рӯзи 4-уми октябр донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» фаъолона ширкат варзида, аз рӯи 9 равия ҳунарнамоӣ карданд. Дар натиҷа 4 нафар донишҷӯ бо ишғоли ҷойҳои намоён шарафманд гардиданд:
Назаров Муҳаммад – донишҷӯи соли 2-юми факултети романӣ-германӣ, аз рӯи равияи забони олмонӣ – ҷои аввал;
Қаландарова Зебунисо – донишҷӯи соли 2-юми факултети филологияи тоҷик, аз рӯи равияи забони форсӣ – ҷои дуюм;
 
04.10.2025 21:52
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури васеи устодону донишҷӯён ва ҳайати раёсат Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони тоҷикӣ бошукуҳ таҷлил гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорон ва шаҳрвандони кишварро бо фарорасии ин ду санаи муборак табрику таҳният гуфта, саодати рӯзгор, саломатӣ, комёбиҳои нав ва дастовардҳои илмию эҷодиро орзу намуд. Ӯ таъкид кард, ки Рӯзи омӯзгор арҷгузорӣ ба заҳмати шабонарӯзии мураббиёни насли наврас буда, таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ифодагари ҳувияти таърихӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

 
04.10.2025 21:25

ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК «ДОКТОРИ ФАХРӢ»-И ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ШУД

Имрӯз дар як ҷамъомади тантанавии донишгоҳ Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея, ҷаноби О-Бонг Янг, бо унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, зимни суханронии худ иброз дошт, ки ин иқдом дар заминаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

 
04.10.2025 20:57

 

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД: ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ
Имрӯз, 4-уми октябри соли 2025, байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Онро аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ректор Аҳлиддин Ибодуллозода ва аз ҷониби Донишгоҳи миллии Ҷонбук президенти он, ҷаноби О-Бонг Янг имзо намуданд.
 
04.10.2025 20:15

 

БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ҷаноби О-Бонг Янг дар доираи сафари хеш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз осорхонаи донишгоҳ боздид ба амал овард.
Меҳмононро дар саҳни осорхона бо иҷрои суруди зинда аз ҷониби ҷавонони боистеъдод истиқбол гирифтанд. Сипас ҷаноби О-Бонг Янг ва ҳайати ҳамроҳаш бо экспозитсияи толорҳои намоишӣ шинос шуданд.
 
04.10.2025 19:57

 

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНИ КОРЕЯГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими тантанавӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбук ҷаноби О-Бонг Янг ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик иштирок намуданд.
Профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии худ ифтитоҳи марказро қадами муҳим дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ