|
25.09.2025 18:41 |
|
ЗЕБОИИ ДОНИШГОҲ БО НАКҲАТИ ГУЛҲО
Бо ҳадафи ободу сарсабз гардондани фазои донишгоҳ ва фароҳам овардани муҳити дилнишину рӯҳбахш барои устодону донишҷӯён, дар донишгоҳ маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом, бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, канори роҳравҳо, гулгаштҳо ва атрофи биноҳои таълимӣ бо гулҳои тару тоза ва рангоранг оро дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ороишӣ батартиб дароварда шуда, алафҳои баланд кӯтоҳ карда шуданд, ки ин амал ба зеботар гардидани муҳити донишгоҳ ва фароҳам овардани фазои озодаю ороста мусоидат намуд.
|
|
25.09.2025 18:31 |
|
ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ” БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо ибтикори шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати донишгоҳ” дар байни 14 дастаи омӯзгорону кормандони раёсату шуъбаҳо, донишҷӯйписарон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо оғоз гардид.
|
|
25.09.2025 17:54 |
|
ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО САФОРАТИ ОЛМОН ВА ДААД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии судманд бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти табодули академии Олмон (ДААД) баргузор гардид.
Сафорати Олмонро ҷаноби Стефан Волфрум, ёрдамчии Сафири Олмон дар Тоҷикистон, ва ДААД-ро доктор Гизела Тсимерман муаррифӣ намуданд.
|
|
24.09.2025 15:44 |
|
МАҲФИЛИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ТОҶИК ОҒОЗ ШУД
Бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабиёти классики тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, омӯзиши таърих ва осори пурғановати миллӣ, таҳкими худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ гардидааст.
Дар ҳамин замина имрӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва намояндагони раёсати илм маҳфили «Шоҳномахонӣ» ба кори худ оғоз кард.
|
|
24.09.2025 11:05 |
|
НАВСОЗИИ ФАКУЛТЕТҲО: ШАРОИТИ БЕҲТАР БА ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН
Бо дастури раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубу муносиб барои омӯзгорону донишҷӯён, баъди солҳои тӯлонӣ корҳои таъмирӣ дар як қатор факултетҳои донишгоҳ ба анҷом расиданд. Дар доираи ин иқдом роҳравҳо, шифтҳо, саҳну зинаҳои факултети психология, инчунин факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ дар шакли наву зебо тарроҳӣ ва пурра таъмир гардиданд. Ин амал шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба муҳити таълимӣ ва таъмини шароити муосир барои таҳсилу тадрис мебошад.
|
|
01.10.2025 03:19 |
|
ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.
|
|
23.09.2025 19:15 |
|
СИНФХОНАҲО БО МИЗУ КУРСИҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ МУҶАҲҲАЗ ГАРДИДАНД
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, синфхонаҳои факултетҳои химия, психология, инчунин Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мизу курсиҳои нав таҷҳизонида шуданд. Мизу курсиҳои мазкур дар Парки технологии Донишгоҳ мутобиқ ба талаботи муосир истеҳсол гардида, дорои сифати баланд ва шакли зебо мебошанд. Ин иқдом гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Донишгоҳ на танҳо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус, балки дар рушди истеҳсолот ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти худӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

|
|
23.09.2025 19:07 |
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
|
|
|