• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз949
mod_vvisit_counterДирӯз1059
mod_vvisit_counterДар ҳафта949
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6782
mod_vvisit_counterМоҳ11524
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28067
mod_vvisit_counterҲамагӣ963394

Online 12
IP шумо: 216.73.216.57
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-12 19:44
22.09.2025 15:45

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ: РӮДАКӢ – ҚОФИЛАСОЛОРИ ШЕЪРУ АДАБИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2025 бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи адабиёт дар толори шурои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Рӯдакӣ – қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ” ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Бақозода Сайрам ифтитоҳ намуда, перомуни рӯзгор, осор ва мақому мартабаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохт ва зинда нигоҳ доштани
 
22.09.2025 10:43
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 22.09.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 
30.09.2025 08:54

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА

20 сентябри соли 2025 ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимӣ, мушовири Лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои тиббӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” Меҳрангез Турсунзода ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Дар доираи ин ташриф, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона ва мушовири лоиҳа Меҳрангез Турсунзода
 
20.09.2025 11:54

 

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ
Рӯзи 20 сентябри соли 2025 омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шанбегии умуминоҳиявӣ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар масири аз дидбонгоҳи Чорбоғ то маҳаллаи НБО Варзоб дар ду паҳлӯи роҳ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии шанбегӣ тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, зебо гардондани манзараҳои роҳ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар байни сокинон мебошад. Иштирокчиён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият корҳои ободонӣ ва тозакориро анҷом дода, саҳми арзандаи худро дар зебоии муҳити атроф гузоштанд.
 
19.09.2025 18:41

 

ХОНИШИ СИЁСӢ: “НАҚШИ «ШОҲНОМА» ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша хониши сиёсӣ дар мавзуи “Нақши «Шоҳнома» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ номзади илмҳои филология, дотсент Шерализода Адолат ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Қурбонов Маҷид суханронӣ намуда, аҳамияти “Шоҳнома”-ро ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ ва нақши он дар
 
18.09.2025 12:00

ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ: ҚАДАМЕ МУҲИМ ДАР ҲАМГИРОИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Баҳри татбиқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидонишгоҳӣ, гуруҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026 таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома медиҳанд.
Зимни вохӯрӣ бо ин гуруҳи донишҷӯён ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода баён доштанд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани табодули академӣ сатҳи ҳамгироии барномаҳои таълимии донишгоҳҳои кишвар боло рафта, робитаҳои илмӣ ва омӯзгорӣ миёни устодони донишгоҳҳо тақвият меёбанд, инчунин донишҷӯён малакаҳои таҳқиқотӣ, забонӣ ва коммуникатсионии худро рушд дода, таҷрибаи идоракунии раванди таълимӣ аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар интиқол меёбад.

 
17.09.2025 16:48

 

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ФЕСТИВАЛИ “ГАНҶИНАИ МЕРОС”
Имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали “Ганҷинаи мерос” доир гардид, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, хусусан донишҷӯдухтарон дар он фаъолона иштирок намуданд.

 

Фестивали “Ганҷинаи мерос” бо мақсади эҳё, ҳифз ва таблиғи мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик баргузор гардида, дар доираи он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои сурудҳои анъанавӣ, рақсу бозиҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳфилҳои илмӣ доир шуд. Ҳамзамон ин чорабинӣ майдони муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таблиғи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
 
17.09.2025 11:42

 

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ