|
12.05.2025 04:01 |
|
ВОХӮРИИ РЕКТОР БО МАГИСТРОН
Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо магистрони курсҳои якум ва дуюми Донишгоҳ вохурӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳсили онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти илмомӯзӣ: аъзо шудан ба китобхонаҳо, навиштани мақолаҳо, ҷиддӣ омода намудани корҳои илмӣ, иштироки фаъол дар дарсҳо, фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва амсоли инҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

|
|
12.05.2025 03:52 |
|
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ РОССИЯ БА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
 Намояндагони Донишкадаи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнаковаи Академияи илмҳои Россия дар ҳайати Ненайденко Валентин Георгиевич – д.и.х., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, мудири кафедари химияи органикии факултети химия ва Вошкин Андрей Алексеевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия дар доираи ташрифи хеш ба Донишгоҳ аз осорхонаи таърихии муассиса боздид ба амал оварданд.
|
|
12.05.2025 03:42 |
|
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР САМТИ ТАЪСИСИ ШУРОҲОИ МУШТАРАКИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
Имрӯз 06.05.2025 намояндагони Донишкадаи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнаковаи Академияи илмҳои Россия дар ҳайати Ненайденко Валентин Георгиевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, мудири кафедари химияи органикии факултети химия ва Вошкин Андрей Алексеевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.х., профессор

|
|
06.05.2025 05:03 |
|
ЯРМАРКА
Имрӯз дар Донишгоҳ ярмаркаи маҳсулоти мевагӣ баргузор гардид, ки дар он ҳосили боғи “Агролабораторӣ” пешниҳод шуд. Дар ярмарка гелоси сурх бо нархи арзону дастрас ва танҳо ба хотири дастгирии омӯзгорону кормандон ба фурӯш бароварда шуд.
|
|
06.05.2025 04:07 |
|
ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ БО ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ШИНОС ГАРДИДАНД
Тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" донишҷӯёни факултети химия ба махзани осори таърихӣ сафарбар гардиданд. Дар аснои боздид донишҷӯён бо толори дирӯзу имрӯзу фардои кишвар, шуъбаи табиати Тоҷикистон, толори “Тамаддуни тоҷикон”, гӯшаҳои фаъолияти Донишгоҳ то истиқлол ва дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин гӯшаи дастовардҳои Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.
|
|
06.05.2025 03:33 |
|
ОМӮЗГОРОНУ КАСБОМӮЗОНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ НОРАК БО ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНА ШИНОС ГАРДИДАНД
Имрӯз омӯзгорону касбомӯзони Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд. Ба ин восита, онҳо бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир шинос гардиданд.
|
|
05.05.2025 09:09 |
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 05.05.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
05.05.2025 09:03 |
|
БАРРАСИИ ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ РЕКТОРОН
3 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, аъзои Шуро - ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони масъули Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
|
|
|
|
|