• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз167
mod_vvisit_counterДирӯз991
mod_vvisit_counterДар ҳафта3134
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5692
mod_vvisit_counterМоҳ21255
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28173
mod_vvisit_counterҲамагӣ920057

Online 24
IP шумо: 216.73.216.161
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-25 03:14
05.05.2025 08:47

ИШҒОЛИ ПАНҶ ҶОЙ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайдо намудани хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд байни хонандагони синфҳои 5-11-и литсею гимназияҳо ва муассисаҳои миёнаи ҷумҳурӣ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ олимпиада баргузор намуд. Олимпиада аз чор давр иборат буд, ки моҳи апрел даври чоруми он (ҷумҳуриявӣ) ҷамъбаст карда шуд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори панҷ ҷойи ифтихорӣ (сеюм) гардиданд:

 
05.05.2025 08:39

ХОНИШИ СИЁСӢ: “МАҚОМИ ЗАН ДАР ТАЪРИХИ ТОИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН”

Имрӯ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ хониши сиёсӣ дар робита ба яке аз мавзуъҳои муҳим – “Мақоми зан дар таърихи тоисломии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мавзуъи мазкурро омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудов Давлатшо бо далелу ҳуҷҷатҳои собитшуда равшан маънидод намуданд

.

 
05.05.2025 08:28

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БО АҲЛИ РАЁСАТ ВА ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз тибқт нақша-чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ин ниҳод бо аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Таҳмина сардори раёсати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва Холов Раҳматулло прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

 
05.05.2025 08:21

МАОРИФИ КИШВАР БО НЕРУИ ТОЗА ҒАНӢ МЕГАРДАД

БЕШ АЗ 400 ХАТМКУНАНДАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРӢ ДАР СОЛИ 2025 БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ РАВОНА МЕГАРДАНД
2 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, намояндаи раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм, муовини аввали ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ, инчунин 75 нафар намояндаи шуъбаҳои маориф аз шаҳру ноҳияҳо ҳузур доштанд.

 
02.05.2025 03:56

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГИКА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД

Имрӯз ду гуруҳ донишҷӯёни факултети педагогика тибқи нақша-чорабинӣ ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд.
Ба воситаи экскурсия аз ҷониби шахси масъул ба донишҷӯён дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир муаррифӣ карда шуданд.

 
02.05.2025 03:44

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ

Рӯзи 30.04.2025 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ тибқи дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ чорабинии фарҳангии худро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забони фаронсавӣ ташкил ва баргузор намуд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Р.В., сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташеи фарҳангии сафорати мазкур Жули Оффре-Карю, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Исломзода Ҷ., мудири кафедраи забони фаронсавӣ Султонзода С., меҳмонони ватанию хориҷӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ ширкат намуданд.

 
01.05.2025 10:15

ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҚАЗОҚИСТОН РУШД МЕЁБАНД

30 апрели соли ҷорӣ Қурбонзода Рухшона муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва “Фонди АвруОсиё” бо роҳбарии Айдарбеков Зейнабилро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба фаъолияти самараноки тарафайн ибрози андеша намуда, омодагиҳои хешро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот як қатор масоили муносибатҳои байниҳамдигарӣ, аз ҷумла сафарбаршавии академии донишҷӯён ва омӯзгорон, табодули таҷрибаи устодон тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ, иштирок дар конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, лоиҳаҳои грантии муштарак ва дигар самтҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


 
01.05.2025 10:10

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗОҚИСТОН АЗ ОСОРХОНА

Имрӯз намояндагони Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва “Фонди АвруОсиё” бо роҳбарии Айдарбеков Зейнабил ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона ва дигар шахсони масъул дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифта, сипас аз осорхонаи ин даргоҳ дидан намуданд.
Ба воситаи экспозитсияи осорхона меҳмонон бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон ва фаъолияту дастовардҳои нахустмактаби олии кишвар аз наздик шинос гардиданд.


 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ