• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз546
mod_vvisit_counterДирӯз840
mod_vvisit_counterДар ҳафта1386
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ2255
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ815167

Online 12
IP шумо: 216.73.216.181
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-03 11:58
04.12.2024 03:51

 

БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ-ОТАШНИШОНӢ
Возможно, это изображение 9 человек и текстИмрӯз 03.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади пешгирӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар муассиса дар якҷоягӣ бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таълимии 5-ошёнаи донишгоҳ барои кормандон ва омӯзгорон машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ баргузор карда шуд.
 
04.12.2024 03:48
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ШАҲРИ ПУАТЙЕИ ФАРОНСА
Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз Донишгоҳи шаҳри Пуатйеи Ҷумҳурии Фаронса профессорон Лисия Багинӣ ва Эффросинӣ Лампру дар якҷоягӣ бо масъули бахши фарҳанги сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жули-Офре Карю аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ боздид намуданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Р., декани факултети забонҳои романӣ-германӣ, дотсент
 
02.12.2024 08:41
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Возможно, это изображение 9 человекРӯзи 2 декабри соли 2024 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба илм, таълим, тарбия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
02.12.2024 08:37

ҒОЛИБИЯТ ДАР «ДАВИ ДӮСТӢ»

Возможно, это изображение 4 человека и текст


Бахшида ба 32-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон рӯзи 30.11.2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин «Дави дӯстӣ» дар ду масофа -7,8 км ва 3,3 км баргузор гардид.
Дави мазкур аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва бонувон доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳо ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои
 
30.11.2024 03:39
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ - «САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР»
Возможно, это изображение 7 человек, Овальный кабинет, помост и текстРӯзи 29.11.2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҳадафи чоруми миллӣ - «Саноатикунонии босуръати кишвар» ва 85-солагии номзади илмҳои географӣ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Диловаров Раҳматшо Диловарович дар мавзуи «Проблемаҳои географии ташкили ҳудудӣ ва рушди устувори истеҳсолоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
 
29.11.2024 05:38

 

ИМЗОИ СОЗИШНОМА БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПОЛЕСС
Рӯзи 27.112024 миёни ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии Полесси Ҷумҳурии Беларус Дунай Валерий Иванович созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин созишномаи нави ҳамкорӣ дар рӯзи якуми Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки таҳти унвони «Маориф – ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус»
 
25.11.2024 04:05

ИШТИРОКИ 3 ҲАЗОР НАФАР ДАР РОҲПАЙМОӢ

Возможно, это изображение 3 человека и текст


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур 3 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

 
25.11.2024 04:04
ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Возможно, это изображение 1 человек и текстПарчам, Нишон ва Конститутсия дар баробари рукнҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллии ҳар кишвар маҳсуб мегарданд. Моҳияти асосии парчам муттаҳид кардани мардум барои мақсадҳои ягона аст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Аввалин парчамҳо вексилоидҳо - акси худоҳо, рамзу нишонаҳои мухталиф доштанд. Парчамҳо аввалин маротиба дар Чин ва Миср, Эрони қадим ба вуҷуд омаданд. Онҳо ба лашкарҳо барои мавқеи худро ёфтан кумак мерасониданд. Маҳз онҳо намуди аввалини парчами давлатҳо гардиданд. Бори аввал дар таърихи Аврупо парчами матоӣ соли 480 пеш аз солшумории мелодӣ дар ҷанги Салиминск аз ҷониби лашкаркаши юнонӣ Фемистокл бардошта шуд.
Дар Шарқ парчам нахуст дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун «дирафши Кова» ёдрас шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ