• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз591
mod_vvisit_counterДирӯз922
mod_vvisit_counterДар ҳафта1513
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7270
mod_vvisit_counterМоҳ8073
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28867
mod_vvisit_counterҲамагӣ1020353

Online 14
IP шумо: 216.73.216.104
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-06-08 14:20
17.10.2025 19:18

РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ – ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Зимни як вохӯрӣ дар донишгоҳ масъалаи риояи интизоми меҳнат аз ҷониби кормандон ва омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид шуд, ки поквиҷдониву масъулиятшиносӣ, ҳозиршавии саривақт ба ҷойи кор, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва риояи қатъии қонунгузории меҳнатӣ аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муассир ба ҳисоб мераванд.
 
17.10.2025 18:45

 

ВОХӮРӢ ОИД БА РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ»
Дар Донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо иштироки масъулини раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо ва омӯзгорон баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2022, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.
 
16.10.2025 20:14

 

ДАР ДОНИШГОҲ ОЗМУНИ «ҶАВОНДУХТАРИ ҲУНАРМАНД» ГУЗАРОНИДА ШУД
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва тарғиби
 
16.10.2025 19:56

 

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ–МЕТОДӢ
Ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методии донишгоҳ, ки 16.10.25 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. доир шуд, се масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.
Роҷеъ ба “Ҳолати иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-фармоишии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо” директори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон профессор С. Хоҷазод гузориш дод. Номбурда иброз дошт, ки мутобиқи дастури ректори донишгоҳ бояд ҳамаи кафедраҳои
 
16.10.2025 19:58

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ LANE KIRKLAND БА ДОНИШГОҲ

16 октябри соли ҷорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Барномаи стипендияи Lane Kirkland — Президенти Бунёди “Пешвоёни тағйирот” хонум Агата Вержбовска Мязга ва мудири барнома хонум Уршула Собетска ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона истиқбол намуда, зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва муаррифии Барномаи стипендияи Lane Kirkland ҷиҳати дарёфти грант мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
16.10.2025 03:49

 

СУҲБАТИ РӮҲБАЛАНДКУНАНДА БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

 

Имрӯз дар идомаи вохӯриҳо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар толори калони фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои филологияи тоҷик, биология, география, таърих ва ҳуқуқ мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ректори донишгоҳ таъкид доштанд, ки ҳадафи вохӯриҳо шиносоӣ бо донишҷӯёни нав, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, ҳисси ватандорӣ ва худшиносии миллии онҳо мебошад.
 
20.10.2025 03:43

ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.

 
15.10.2025 03:33

ВОХӮРИИ РЕКТОР БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ АВВАЛ

 

Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои математика, физика, химия, романӣ-германӣ вохӯрии судманд доир намуданд.
Ректор дар суханронии хеш зикр намуданд, ки донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба самти тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат, ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона намудааст. Ӯ таъкид дошт, ки донишҷӯён бояд аз
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ