• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз595
mod_vvisit_counterДирӯз922
mod_vvisit_counterДар ҳафта1517
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7270
mod_vvisit_counterМоҳ8077
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28867
mod_vvisit_counterҲамагӣ1020357

Online 15
IP шумо: 216.73.216.104
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-06-08 14:25
25.09.2025 17:54

 

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО САФОРАТИ ОЛМОН ВА ДААД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии судманд бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти табодули академии Олмон (ДААД) баргузор гардид.

 

Сафорати Олмонро ҷаноби Стефан Волфрум, ёрдамчии Сафири Олмон дар Тоҷикистон, ва ДААД-ро доктор Гизела Тсимерман муаррифӣ намуданд.
 
24.09.2025 15:44

 

МАҲФИЛИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ТОҶИК ОҒОЗ ШУД
Бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабиёти классики тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, омӯзиши таърих ва осори пурғановати миллӣ, таҳкими худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ гардидааст.
Дар ҳамин замина имрӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва намояндагони раёсати илм маҳфили «Шоҳномахонӣ» ба кори худ оғоз кард.
 
24.09.2025 11:05

НАВСОЗИИ ФАКУЛТЕТҲО: ШАРОИТИ БЕҲТАР БА ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН

Бо дастури раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубу муносиб барои омӯзгорону донишҷӯён, баъди солҳои тӯлонӣ корҳои таъмирӣ дар як қатор факултетҳои донишгоҳ ба анҷом расиданд.
Дар доираи ин иқдом роҳравҳо, шифтҳо, саҳну зинаҳои факултети психология, инчунин факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ дар шакли наву зебо тарроҳӣ ва пурра таъмир гардиданд.
Ин амал шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба муҳити таълимӣ ва таъмини шароити муосир барои таҳсилу тадрис мебошад.

 
01.10.2025 03:19

ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.

 
23.09.2025 19:15

СИНФХОНАҲО БО МИЗУ КУРСИҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ МУҶАҲҲАЗ ГАРДИДАНД

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, синфхонаҳои факултетҳои химия, психология, инчунин Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мизу курсиҳои нав таҷҳизонида шуданд.
Мизу курсиҳои мазкур дар Парки технологии Донишгоҳ мутобиқ ба талаботи муосир истеҳсол гардида, дорои сифати баланд ва шакли зебо мебошанд.
Ин иқдом гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Донишгоҳ на танҳо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус, балки дар рушди истеҳсолот ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти худӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

 
23.09.2025 19:07

 

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 
23.09.2025 15:39

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯ ГАРДИД

Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 8-и Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Яъқубова Мафтуна дар соли таҳсили 2025–2026 гирандаи Стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гардид.
Ин дастовард натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи хонанда, дастгирии омӯзгорон ва муҳити солими таълимии Литсей ба шумор меравад.
 
22.09.2025 15:45

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ: РӮДАКӢ – ҚОФИЛАСОЛОРИ ШЕЪРУ АДАБИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2025 бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи адабиёт дар толори шурои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Рӯдакӣ – қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ” ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Бақозода Сайрам ифтитоҳ намуда, перомуни рӯзгор, осор ва мақому мартабаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохт ва зинда нигоҳ доштани
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ