|
03.03.2025 05:47 |
|
МУШОҲИДОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ БО РАФТИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12 ШИНОС ШУДАНД

|
|
03.03.2025 05:43 |
|
БОЗДИДИ МУШОҲИДОНИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ АЗ РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12

|
|
03.03.2025 05:40 |
|
МУШОҲИДОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН АЗ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12 БОЗДИД НАМУДАНД

|
|
03.03.2025 05:35 |
|
ҲАЙАТИ МУШОҲИДОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ АЗ РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12 ДИДАН НАМУДАНД

|
|
03.03.2025 05:13 |
|
БОЗДИДИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (СААД) АЗ РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12

|
|
03.03.2025 05:05 |
|
ОҒОЗИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025
Соати 06:00-и субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии №12 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ №2 ва интихоботи вакилони маҷлисҳои халқ оғоз гардид.
Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба интихобкунандагоне, ки бори нахуст дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
|
|
03.03.2025 04:57 |
|
МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
 Рӯзи 1-уми марти соли 2025 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тибқи ҷадвали тақсимоти қитъаҳои замин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе муқарраргардида, дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ хоҷагии Ю.Раҷабов) дар ҳудуди 1,5 га масоҳати муқарраргардида, маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
 |
|
03.03.2025 04:47 |
|
Ш. НОРАК: РАВАНДИ ДАРСИ ИСТЕҲСОЛИИ ГУРӮҲИ КАФШЕРГАРОН
Дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак дар баробари дарсҳои назариявӣ дарсҳои амалӣ-истеҳсолӣ низ баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷониби омӯзгорони марказ чунин дарсҳо барои нафароне, ки ҳунари кафшергариро омӯхта истодаанд, баргузор карда мешавад. Дар ин раванд ба онҳо нозукиҳои касб аз қабили дақиқӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ, мутамарказӣ, эҳтиёткорӣ ва амсоли инҳо таълим дода мешаванд.
Имрӯзҳо касби кафшергар дар бозори меҳнат хеле серталаб буда, қариб ҳамаи соҳаҳои саноат ба монанди мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғ. ба кори кафшеркунӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо ҳамин сабаб дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак дар баробари таълими дигар касбҳо кафшергарӣ низ роҳандозӣ гардидааст.
|
|
|
|
|