|
14.02.2025 08:45 |
|
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром, роҳбарону кормандони сохторҳои қисми илм, муовинони декан оид ба корҳои илмӣ ҷаласаи қисми илми Донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори он масъалаҳои омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт, пешниҳоди мавзуъҳои фармоишӣ барои солҳои 2027-2031, омодагии донишҷӯён ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва
|
|
14.02.2025 08:38 |
|
ВОХӮРӢ: ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХЕШТАНШИНОСИИ ҶАВОНОН
Рӯзи 11-уми феврали соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабинии қисми тарбияи Донишгоҳ дар доираи мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифротгароию бегонапарастӣ бо иштироки бевоситаи декани факултет н.и.ф Н.Давлатзода, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, профессор Ш.Солеҳов, мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ С.Ахиева, мудири шуъбаи тарбия Ш.Аланазаров, сармутахассиси шуъбаи тария Ҳ. Ҳусейнов миёни донишҷӯёни факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ вохӯрии судманд гузаронида шуд.
|
|
14.02.2025 08:31 |
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
14.02.2025 08:21 |
|
ДАСТОВАРД ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БОСАМАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш зимни натиҷагирии соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2024 бо “СИПОСНОМА” сарфароз гардонида шуд. Инчунин дар ин маросими бошукуҳ аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ба якчанд ташкилотҳо мукофотҳо супорида шуданд.
|
|
11.02.2025 03:50 |
|
ВОХӮРӢ: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ
Рӯзи 10-уми феврали соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабинии қисми тарбияи Донишгоҳ дар доираи мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифротгароию бегонапарастӣ бо иштироки як қатор устодони Донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултети психология вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур, н.и.п, дотсент, декани факултети психология – Саидзода Н. дар мавзуи “Ифродгароии диннӣ ва таъсири он ба психологияи ҷавонон”, муаллими калони факултети педагогика Азизова Ф. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва устодон Баротзода Ф. ва Мирзозода Ш. дар доираи мавзуи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд.

|
|
11.02.2025 03:43 |
|
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ: ГУРУҲИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС САФАРБАР ГАРДИДАНД

Имрӯз боз гуруҳи дигари донишҷӯёни Донишгоҳ иборат аз 4 нафар тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии Полесси Ҷумҳурии Беларус сафарбар гардиданд. Бо донишҷӯён Айнулозода Наҳтулло, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба таҳсил дар кишвари хориҷа суҳбат анҷом дод. Ба донишҷӯён қоидаҳои будубош, тартибу интизом, одоби намунавӣ, хониши хубу аъло ва бахусус муаррифии шоистаи фарҳанги кишвар таъкид карда шуд. Бояд зикр кард, ки дар ин росто шуруъ аз моҳи феврали соли 2025 донишҷӯён барои таҳсил тибқи барномаҳои табодули академӣ ба Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар шуда истодаанд.
|
|
11.02.2025 03:20 |
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ректор Аҳлиддин Ибодуллозода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
11.02.2025 03:09 |
|
ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ: КОРҲОИ САБЗГАРДОНӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар доираи корҳои созандагию сабзгардонӣ бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи ниҳолшинонӣ бо маром ҷараён дорад. Аз ҷумла, рӯзи 07 феврали соли равон тибқи нақша садорат, омӯзгорон ва донишҷӯёни 3 факултети Донишгоҳ дар доираи корҳои сабзгардонӣ – шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ дар боғи “Агробиолабараторӣ” аксияи ниҳолшинонӣ баргузор намуданд. Дар доираи ин аксия миёни дарахтон аз растаниҳои худрӯи бегона покиза гардида, ба замини байни қатори дарахтони боғ пору рехта шуд. Инчунин ба воситаи техника заминҳои миёни дарахтон нарм ва дар ҷойҳои зарурӣ дарахтони мевадиҳанда

|
|
|
|
|