01.02.2023 03:31 |
НАЗОРАТИ ХОБГОҲҲО ТИБҚИ ДАСТУРИ РЕКТОР
Бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода муовинони ректор ва роҳбарони як қатор бахшҳо ҷиҳати назорат ба хобгоҳҳои донишҷӯён сафарбар шуданд. Мақсад ва ҳадафи ин чорабинӣ иборат аз он аст, ки вазъи санитарӣ, ҳолати қубурҳои гармидиҳанда, шароити зисти донишҷӯён ва амсоли ин масоил зери назорат гирифта шуда, дар ҳолати ҷой доштани нуқсон норасоиҳо рафъ карда шаванд. Тибқи ҷадвали муқарраршуда муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н. дар хобгоҳҳои №8 ва 9, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д.Ш. дар хобгоҳҳои № 6 ва 7, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Р.Қ. дар хобгоҳи №3, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н.Н. дар хобгоҳи №2 муттасадӣ таъйин гардида, муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати норасоиву камбудиҳо ба унвонии роҳбари муассиса ҳисобот пешниҳод намоянд.
|
01.02.2023 03:27 |
ИБОДУЛЛОЗОДА: ЯК БИНОИ НАВИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА СЕ ЛАБОРАТОРИЯИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки зиёда аз 31 намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд. Инчунин Аҳлиддин Ибодуллозода дар идомаи гузориш ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ дар соли ҷорӣ, аз ҷумла як бинои 2-ошёнаи замонавиро барои донишҷӯёни факултаҳои химия, биология ва география баҳри самаранокии корҳои таҷрибаомӯзӣ мавриди истифода қарор дода, дари Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои хонандагони синфҳои 5-11 боз ва инчунин 3 лабораторияи навро дар факултетҳои физика, химия ва билогия ифтитоҳ менамояд.
|
31.01.2023 05:09 |
РЕКТОР: БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН ҲАМҚАДАМ БОЯД БУД
Тибқи нақшаи пешбининамудаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 30 январи соли 2023 бо ҳузури магистрантону докторантоне, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ва як қатор деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва роҳбарони бахшҳои марбута иштирок карданд. Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сухан ронда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ин зинаҳои таҳсилот ҳарф зад. Роҳбари донишгоҳ масъалаҳои ҳузури номунтазам ба дарсҳо, пешниҳоди мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба маҷаллаҳои тақризшаванда ва сомонаи донишгоҳ, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, риояи талаботи либоси намунавӣ ва амсоли инҳоро қайд карда, ба масъулин бобати андешидани чораҳо дастур ироа кард. Аҳлиддин Ибодуллозода инчунин бобати ҳавасманд кардани магистрантон ва докторантони фаъол ба масъулини иттифоқҳои касабаи донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ супориш пешниҳод карда, таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натанҳо боиси обрӯву эътибор, балки аз нигоҳи молиявӣ қадрдонӣ гардидани ҳам магистрантону докторантон ва ҳам роҳбаронашон мегардад.
|
30.01.2023 02:46 |
РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ИЛМУ ТАРБИЯ ЯК НИЗОМИ МУШТАРАК АСТ
Имрӯз, дар таърихи 28 январи соли 2023 тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи қисми илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода, мудири шӯъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир, мудири китобхона Наимов Зариф, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодон ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳарсе самти фаъолияти устодони донишгоҳ, махсусан сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Наҳтулло Айнуллозода доир ба ҳаҷми соатҳо ва тақсимоти онҳо аз рӯи самтҳо, Дониёр Сангинзод перомуни фаъолияти илмии устодон, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғ., Идиев Соҳибназар дар бораи нақшаи солонаи иҷрои корҳои илмӣ, Наимов Зариф доири рисолати омӯзгор ва Мардонзода Ҷобир оиди талабот нисбати таҳияи мақолаҳои илмиву илмӣ-оммавӣ сухан ронданд.
|
28.01.2023 08:09 |
САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ
Дар таърихи 28 январи соли 2023 дар факултети математика ба истиқболи ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи тарбия Алланазаров Ш., раиси Шӯрои занон Давлатзода М., садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Зикирзода Ҳ. оғоз намуда, перомуни Сада ва аҳамияти таҷлили он сухан ронд. Мавсуф дар рафти суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки аҳамияти таҷлили ин ҷашни аҷдодиро Пешвои миллат чунин арзёбӣ намудаанд: “Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.”
|
26.01.2023 10:49 |
ИБОДУЛЛОЗОДА: ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОМӮЗГОРРО АЗ МИЁН МЕБАРАД
Имрӯз, 26 январи соли 2023 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо 883 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-юму 4-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки тибқи шартнома ба 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар мешаванд, мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгор ошно месозад ва имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаи худро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбати касби худ садоқатманд муаррифӣ намоянд.
|
26.01.2023 07:44 |
ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар таърихи 26 январи соли 2023 бо ибтикори маъмурияти Маркази таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки аз ҷумлаи сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону шунавандадухтарони курсҳои ҳисобдорӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд. Директори марказ Саидов Баҳодур тавассути суҳбати телефонӣ зикр кард, ки ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Озмуни “ Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- омили худшиносии миллӣ” бо роҳбарии корманди бахши кадрҳо Маҳбуба Каримова ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он ҷалб кардани довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур мебошад.
|
24.01.2023 08:10 |
ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Чӣ тавре, ки маълум аст, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович методи гузаронидани корҳои контролиро бо номи “Методи Пулот” эҷод кардааст. Дар заминаи методи мазкур якчанд барномаҳои компютериро сохтааст, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия низ мавриди истифода мебошад. Дар ин баробар дотсент Назаров А.П. оид ба илмҳои методикаи таълими математика ва информатика, таърихи информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо мақолаҳои пурмазмуни илмию методиро нашр менамояд. Дар шумораи №3 (3), 2020, саҳ. 32-36 Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, (Серияи 2. Педагогика ва психология, назария ва методикаи таълим) мақолаи илмии ӯ таҳти унвони “Давраҳои таърихии таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба табъ расида буд, ки таваҷҷуҳи доираи олимон ва методистони Федератсияи Россияро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин асос мақолаи мазкур ба озмуни байналхалқии XXV “Ташкилоти умумироссиягии коркардҳои илмӣ-тадқиқотии Россия” “ОНР ПТСАЙНС” пешниҳод шудааст, ки ин падида боиси ифтихори мо мебошад.
|
|