• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз46
mod_vvisit_counterДирӯз2624
mod_vvisit_counterДар ҳафта5350
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта18744
mod_vvisit_counterМоҳ48571
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта42256
mod_vvisit_counterҲамагӣ1200211

Online 32
IP шумо: 216.73.217.9
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-10-20 00:48
29.08.2026 23:33
ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
 
25.08.2026 20:21

 

ШОМИ ФАРҲАНГИИ “ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ФИРДАВСӢ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.
 
25.08.2026 20:18

СОЛИ ХОНИШИ НАВ БО ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД
25 августи соли 2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар доираи барномаи табодули академӣ ба Ҷумҳурии Корея сафарбар мегарданд, вохӯрӣ анҷом дод.
Дар соли таҳсили 2025-2026 дар доираи ҳамкориҳои муштараки байналмилалӣ гурӯҳи навбатии донишҷӯёни риштаи забони кореягии донишгоҳ, иборат аз 6 нафар, барои таҳсил тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея сафарбар гардиданд.
 
21.08.2026 17:20

ҶАЛАСАИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назди ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки деканони факултетҳо, муовинони онҳо ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрами фаъолияти донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баррасишуда ва беҳтар намудани раванди фаъолияти сохторҳои донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 
20.08.2026 20:35

ДАР ХОБГОҲИ №9-И ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ТАЪМИРӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар хобгоҳи №9-и омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ корҳои ободониву таъмирӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти омӯзгорон идома доранд.
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда кормандони хобгоҳ дарвоза ва панҷараҳои ҳудуди онро рангубор намуда, ба намои зоҳирии бино ва муҳити атроф таровати тоза бахшиданд. Ҳамзамон, барои нигоҳдории ҳудуд ва беҳтар намудани ҳолати техникии иншоот корҳои зарурии таъмирӣ анҷом дода шуданд.
Илова бар ин, кошинҳои шикастаи қисматҳои алоҳидаи хобгоҳ таъмир ва иваз карда шуда, барои таъмини ҳолати хуби роҳравҳо ва дигар ҷойҳои истифодаи умумӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
 
15.08.2026 20:29

ШОМИ ФАРҲАНГИИ «ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ»-И ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИР

 
14.08.2026 21:25

РАВАНДИ СОХТМОНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ

 
11.08.2026 18:47

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ