• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1694
mod_vvisit_counterДирӯз2784
mod_vvisit_counterДар ҳафта12923
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта19333
mod_vvisit_counterМоҳ12923
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта81445
mod_vvisit_counterҲамагӣ1246008

Online 21
IP шумо: 216.73.216.98
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-11-05 20:18
15.09.2026 19:36

МЕҲМОНОНИ ЧИНӢ АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ДОНИШГОҲ БОЗДИД НАМУДАНД
15 сентябр дар доираи сафари вакили Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин Син Гуанчэн ва ҳайати ҳамроҳ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ меҳмонон аз Осорхонаи таърихии донишгоҳ боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо таърихи таъсис ва марҳалаҳои ташаккули донишгоҳ, фаъолияти илмиву таълимии он, дастовардҳои устодону донишмандон ва саҳми ин муассисаи
 
15.09.2026 19:35

БАРРАСИИ САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЧИН
15 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо вакили Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин Син Гуанчэн баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, роҳандозии ҳамкориҳои муштараки таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин
 
15.09.2026 19:02

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
14.09.2026 15:17

ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 14 сентябри соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултетҳои иқтисод ва идора, география, забони англисӣ, технология ва забон ва адабиёти рус баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода донишҷӯёни навро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илмҳои замонавӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ, риояи интизоми дохилӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ҳидоят намуд.
 
14.09.2026 09:53

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 14.09.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
12.09.2026 11:27

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
07.09.2026 18:45

9 НАФАР ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмату фаъолияти пурсамари омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
7 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як қатор кормандони соҳаи илму маориф баргузор гардид.
 
04.09.2026 16:27

ТАСДИҚИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ БИОЛОГИЯ
Боиси хушнудист, ки бо дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид ва дар заминаи ин муассисаи бонуфуз шуроҳои диссертатсионӣ ташкил меёбанд. Ин иқдоми созанда барои бо кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ