|
06.10.2026 23:01 |
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ИСТЕҲСОЛӢ
 Имрӯз таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи васеи истеҳсолӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
|
|
06.10.2026 20:37 |
|
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҶАВОНӢ, ИЛМ, ҲУНАР ВА СОЗАНДАГӢ
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳ чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҷавонӣ, илм, ҳунар ва созандагӣ» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони донишгоҳу меҳмонон ва донишҷӯёни фаъоли хобгоҳҳои донишгоҳ иштирок намуда, доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, нақши он дар
|
|
06.10.2026 19:40 |
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ
 Имрӯз, 6 октябри соли 2026 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, Раҷабзода Сироҷиддин ҷаласаи Шурои илмӣ-методии донишгоҳ доир шуд, ки асосан масъалаҳои рӯзмарраи марбут ба фаъолияти шурои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Сараввал ҳайати нави Шурои илмӣ-методии донишгоҳ барои соли нави таҳсили 2026-2027 ва ҳамзамон нақшаи кории Шурои илмӣ-методии факултетҳо тасдиқ гардид.
|
|
06.10.2026 10:11 |
|
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ БА РӮЙХАТИ TIMES HIGHER EDUCATION WORLD UNIVERSITY RANKINGS 2027 ШОМИЛ ГАРДИД
 Аз миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раддабандӣ танҳо ду донишгоҳ муаррифӣ шудаанд. Яке аз онҳо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ки бо мақоми муассисаи гузоришдиҳанда (Reporter) зикр гардидааст. Дар рӯйхати донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби “Times Higher Education” пешниҳод шудааст, номи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар баробари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ду муассисаи таҳсилоти олии кишвар бо мақоми “Reporter” ҷой гирифтааст.
|
|
03.10.2026 19:53 |
|
РАВАНДИ СОХТМОНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ
|
|
03.10.2026 15:53 |
|
ОМӮЗГОР - ЧАРОҒИ РОҲИ ЗИНДАГӢ
 Ҳамасола дар кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ба таври мутантан таҷлил мешавад. Ин санаи фархунда моро водор месозад, ки ба заҳмати устодон бо эҳтироми бештар назар кунем ва нақши онҳоро дар бунёди ҷомеаи соҳибмаърифат амиқтар дарк намоем. Аз ҳамин ҷост, ки Рӯзи омӯзгор нишони арҷгузорӣ ба шахсест, ки умри худро барои сохтани ояндаи дигарон мебахшад. Ба ин хотир, дастгирии омӯзгорон ва дар маҷмуъ соҳаи маориф самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъкид намуданд, авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Бар иловаи ин, аз моҳи сентябри соли 2026 маоши вазифавии омӯзгорон 20% зиёд шудааст. Ин тадбир кормандони соҳа, махсусан омӯзгоронро боз ҳам руҳбаланд менамояд.
|
|
03.10.2026 09:13 |
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ҚАДАМ БА СӮИ САЛОМАТӢ
|
|
01.10.2026 18:30 |
|
РАВЗАНАИ ОШНОӢ: ЧАРОҒИ МАЪРИФАТАФРӮЗ
 Саҳаргоҳ дар долонҳои донишгоҳ садои қадамҳои донишҷӯён шунида мешавад. Яке бо шитоб ба дарс меравад, дигаре дар даст китобу дафтар, сеюмӣ дар роҳ бо дӯсташ дар бораи имтиҳони дарпешистода суҳбат дорад. Аз паси тирезаҳои баланд осмони Душанбе софу ором менамояд. Дар яке аз синфхонаҳо донишҷӯён аллакай ҷой гирифтаанд. Китобҳо рӯйи миз, дафтарҳо кушода, қаламҳо дар даст. Дар тахтаи синф чанд калимаи олмонӣ навишта шудааст. Даре кушода мешавад. Устод ворид мегардад.Чеҳраи ором, нигоҳе меҳрубон, қадамҳои бетаъҷил. Ӯ ба синф менигарад. Гӯё мехоҳад на танҳо бинад, балки ҳолати ҳар як донишҷӯро эҳсос кунад.
|
|
|
|
|