• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
01.05.2021 06:48

 

МАҲФИЛҲОИ МУБОҲИСАВИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

6.jpg - 97.50 Kb“Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот- аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва техналогияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”

 
29.04.2021 23:57

 

Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннӯҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

 
29.04.2021 19:43

 

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР"

АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

2.jpg - 101.31 KbСанаи 27-уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Марказии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барқияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Ҷурахонзода Ҷумахон –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабов Дилшод – муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

 
28.04.2021 11:33

 

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

“ТОҶИКИСТОН –ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

4.JPG - 280.66 KbРӯзи 27 – уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бахшида ба “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба хотири пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз рӯи ду номинатсия, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид. Ҳайати комиссияи озмун аз мудири шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Ашурова О.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов М.С., муаллимони калони кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ Нормаҳмедов О.О., Назаров Н. ва сармуттахасиси шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Давлатзода М.Д.  иборат буданд,

 
27.04.2021 10:08

 

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОНИ ДОНИШГОҲ

6.JPG - 199.37 KbСанаи 26 апрели соли .2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  бо ташаббуси бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ маҷлиси шӯро бо иштироки аъзоёнаш ба хотири амалигардонии дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор  Зинатовна зикр намуд,

 
27.04.2021 05:19

 

Эълон!

13.jpg - 81.95 KbБа диққати ҳамаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо курсҳои бозомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои “забони англисӣ”, “забони русӣ” ва “технологияи информатсионӣ” аз санаи 1.05.2021 ба роҳ мондааст. Хоҳишмандон метавонанд, ҷиҳати иштирок дар дарсҳои омӯзишӣ, ки он ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст,

 
26.04.2021 12:08

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ

ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

1.JPG - 250.24 KbСубҳи имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ба довталабон пеш аз ҳама, барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ аз аъзоёни ҳакамон хоҳиш намуданд, ки ба донишу малакаи довталабон диққати ҷиддӣ дода, ба довталабон одилонаву  холисона баҳогузорӣ намоянд. Сипас, раиси ҳакамон профессор Рухшона Восиева баромад намуда, тарзи баргузории озмунро аз рӯи талаботи низомномаи он ба довталабон шарҳ дод. Дар озмуни мазкур аз ҳама факултетҳои донишгоҳ довталабон иштирок доштанд.

 
26.04.2021 08:01

 

БОЗДИДИ АЪЗОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ РАФТИ

БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНОТИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА

1.JPG - 174.51 KbИмрӯз, 26-уми апрели соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории сессияи имтиҳонии тобистонаи хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзонаи соли таҳсили 2020-2021, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ тасдиқ гардида буд, раванди имтиҳонсупорӣ оғоз ёфт. Бо мақсади шаффофу бегазанд супоридани имтиҳоноти хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзона, раёсати донишгоҳ, аз ҷумла, қисми таълим дар 3 нуқтаи марказҳои қабули имтиҳонӣ: МҚИ 1, МҚИ 2 ва МҚИ 3 омодагии техникиро бодарназардошти риояи вазъи беҳдоштӣ ба роҳ мондааст.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ