• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
22.01.2021 10:12

 

ВАРЗИШ ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

49.JPG - 269.18 KbТаҳти ҳамин унвон, ба ифтихори ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва инчунин 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми январи соли 2021, соати 16:00 дар майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд то синни 35-сола баргузор гардид, ки дастаи футболбозони донишгоҳ бо дастаи футболбозони Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат намуданд. Дар бозии рафиқона, дастаи футболбозони донишгоҳ аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бо ҳисоби калони 8:3 рақиби худро шикаст доданд ва бо чунин натиҷа пирӯзӣ насиби дастаи фулболбозони донишгоҳ гардид.

 
22.01.2021 09:50

 

МО ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

37.JPG - 235.62 KbСанаи 22-юми январи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби ҷавонони “Пойтахт” Раҳимзода Шоҳзод, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Дилшод ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, баргузор гардид.

 
22.01.2021 04:56

 

ЗИМИСТОН МЕКУНАД, ҲАР ДАМ ЗИМИСТОНӢ

24.jpg - 49.12 KbЗимистони имсола аз зимистонҳои солҳои қаблӣ бо хусусияти барфборандагӣ фарқкунанда аст. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои  гузаронидани зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Кормандони қисми хоҷагӣ аз субҳи содиқ ба тоза кардани барфи роҳраву саҳни биноҳои таълимии донишгоҳ оғоз намуда, барои тозанигаҳдории пайроҳаҳои канори роҳи марказӣ низ саҳм мегузоранд. Таконидани шохаҳои дарахтон, рӯфтани зинапояҳои мармарӣ, пошидани намаки махсус байни гузаргоҳҳои биноҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандони самти мазкур ҷиҳати ғамхорагии  вазъи саломатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад, ки ин ҳама зери дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ д.и.т. профессор Усмонзона Н.У. қарор дорад.

 
19.01.2021 11:47

 

ТАБИБО, НАБЗИ МОРО ТУ САРОБОН

18.JPG - 159.11 KbДармонгоҳи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, яке аз зерсохтори қисми хоҷагӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза фаъолияти худро ҷиҳати солимгардонии устодону кормандон ва донишҷӯёну дигар муроҷиаткунандагон дар доираи  оинномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар дармонгоҳ мутахассисони касбӣ аз қабили: духтури бемориҳои дарунӣ, чашм, гулӯ ва гӯшу бинӣ, дандонпизишк, ултрасадо, духтури амрози занона, функсионалист, доругузаронӣ ва утоқи бақайдгирӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

 
13.01.2021 06:57

 

ҶАМЪБАСТИ ЯК СОЛИ ПУРФАЙЗУ БОБАРОР

24.JPG - 151.99 KbРӯзи 12 – уми январи соли 2021 маҷлиси васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, д.и.т.,профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ва бо иштироки муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия,, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҷаласаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро барои супоридани ҳисоботи яксолаи донишгоҳ ба муовини аввал, муоаини ректор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.ф., дотсент Саъди Қосимӣ дод. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтавои хеш доир ба раванди фаъолияти яксолаи донишгоҳ сухан карда, вазифаҳои иҷрошавандаро барои соли 2021 муайян ва пешниҳод намуд. Сипас, аъзоёни шӯро профессор Бибиҳафиза Маҷидова, д.и.б. Акобир Мирзораҳимов, Зикирзода Ҳобилҷон, Умар Умаров ва дигарон баромад намуда, ҳисоботи мазкурро дар баробари мушкилоти мавҷудаи соли сипаригардида, қаноатманд донистанд. Дар идомаи ҷаласа муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода баромад намуда, барои фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ барору музаффариятҳои пайдарпайро таманно намуд.

 
09.01.2021 19:04

 

ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮ

8.JPG - 219.05 KbАбдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович – донишҷӯи соли 4-уми факултети химия буда, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ китоби Абдулхайр Абдураҳмонов таҳти унвони «Рисолати журналистии химик» ба ифтихори 90-солагии донишгоҳ ба зевари табъ ороста шуд, ки муаллиф дар китоби мазкур фаъолиятии журналистии 4 – солаи худро ҷамъоварӣ намудааст. Ва субҳи имрӯз низ мавсуф барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сазовор дониста шуд.

 
09.01.2021 07:19

 

ТАВАҶҶУҲ!

6.JPG - 231.36 KbБа таваҷҷуҳи донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки мувофиқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 - 2021 аз санаи 25.01.2021 оғоз мегарданд.

 
09.01.2021 04:33

 

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

2.JPG - 181.21 KbРӯзи 7-уми январи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси декани факултет, дотсент Умаров У.С  ва мудири кафедраи методикаи таълими физика, инчунин бо иштироки омӯзгорони тахассусманди соҳаи физикаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, машварати январии омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа бо суханронии декани факултети физика, дотсент Умаров У.С. оѓоз гардида, меҳмонону иштирокчиёнро ба факултети физикаи донишгоҳ хайрамақдам намуда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро дар амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, заминаи мусоид арзёбӣ намуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ