• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
06.01.2021 05:24

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

26.bmp - 1.52 Mb

Республика Таджикистан

Проект «Развития высшего образования»

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 
30.12.2020 11:56

 

ЯТИМОНРО ПАРАСТОРӢ БИБОЯД

206.jpg - 57.22 KbРӯзи 28-уми декабри соли 2020 дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои хайриявии идона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон дароз намуданд. Дар ин маросим, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Дилшод Раҷабов ва намояндагон аз ҲХДТ ба муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ ташриф оварда, ба зиёда аз 70 нафар ятимони кулл тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

 
29.12.2020 09:59

 

Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси

Созмони ҳамкории Шанхай

 

205.png - 82.53 Kb28.12.2020 19:17, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.

Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.

 
28.12.2020 10:39

 

ДУ НАФАР ОЛИМОНИ ТОҶИК АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ

ИЛМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ ИНТИХОБ ГАРДИДАНД

203.JPG - 188.57 KbДар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон ду нафар олимони тоҷик аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод зимни овоздиҳии пӯшида Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. Доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор  Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътиоф шудаанд.

 
26.12.2020 08:56

 

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД

200.JPG - 192.46 KbСубҳи 26 – уми декабри соли 2020 бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба сабзу хуррам гардонидани пойтахти кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” ин навбат дар маҳаллаи Проектная, кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти КИ ҲХДТ, раисони кумитаҳои марказии ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе иштирок намуда,

 
25.12.2020 08:02

 

Иттилоъ оид ба пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

25.12.2020 09:20, шаҳри Душанбе

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи январи соли 2021 ирсол мегардад.

 
23.12.2020 14:13

 

ПИРӮЗӢ НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ХОҶАГИДОРӢ ГАРДИД

195.JPG - 284.65 KbШуруъ аз 4-уми декабри соли 2020 мусобиқаи футболи хурд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ҷалб намудан ба варзиш байни омӯзгорону кормандон ва зерсохторҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори “Варзиш кафили саломатист”ҷараён дошт, рӯзи 23-юми декабр ҷамъбаст гардид. Дар гурӯҳи беҳтарин дастаҳое, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, дастаи факултаи химия бо шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастаи Хоҷагидорӣ бо дастаи футболбозони факултети математика барои ҷоиза байни ҳам сабқат намуданд.

 
22.12.2020 12:32

 

ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО...

180.JPG - 227.56 KbСанаи 22 –уми декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна ба ифтихори фарорасии “Соли нав” бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила Мансур зимни суханронии хеш афзуд, ки Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ ба иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаку дастгирии донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимони кулл тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва инчунин афзуд, Шумо табақаи ниёзманди ҷомеа танҳо нестед, мо бо шумоем.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ