• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.12.2020 08:02

 

Иттилоъ оид ба пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

25.12.2020 09:20, шаҳри Душанбе

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи январи соли 2021 ирсол мегардад.

 
23.12.2020 14:13

 

ПИРӮЗӢ НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ХОҶАГИДОРӢ ГАРДИД

195.JPG - 284.65 KbШуруъ аз 4-уми декабри соли 2020 мусобиқаи футболи хурд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ҷалб намудан ба варзиш байни омӯзгорону кормандон ва зерсохторҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори “Варзиш кафили саломатист”ҷараён дошт, рӯзи 23-юми декабр ҷамъбаст гардид. Дар гурӯҳи беҳтарин дастаҳое, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, дастаи факултаи химия бо шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастаи Хоҷагидорӣ бо дастаи футболбозони факултети математика барои ҷоиза байни ҳам сабқат намуданд.

 
22.12.2020 12:32

 

ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО...

180.JPG - 227.56 KbСанаи 22 –уми декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна ба ифтихори фарорасии “Соли нав” бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила Мансур зимни суханронии хеш афзуд, ки Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ ба иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаку дастгирии донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимони кулл тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва инчунин афзуд, Шумо табақаи ниёзманди ҷомеа танҳо нестед, мо бо шумоем.

 
18.12.2020 12:42

 

ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

 

171.JPG - 253.10 Kb

18 декабри соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро аташейи фарҳангии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже ва ёрдамчии сафири Фаронса Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент Аъзам Байдуллоев, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ д.и.п., Зарина Сайфуллоева ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ дотсент Султонзода Соқӣ Аслон дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифтанд. Дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ  нахуст, ректори донишгоҳ ҳузӯри меҳмонони олиқадрро ба ин боргоҳи илму маърифат муборак дониста, аз фаъолияту дастовардҳои олимони донишгоҳ андешаронӣ намуд.

 
12.12.2020 09:28

 

“МУРОҶИАТ БА РЕКТОР”

154.JPG - 206.84 KbРӯзи 12.12.2020 дар толори Шӯрои олимони бинои асосӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода чун анъана қабули шаҳрвандону донишҷӯёнро ба роҳ монда, ба ҳамаи саволҳои муроҷиаткунандагон посухи равшан дод.

Ҳамаи муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ чун ҳамешагӣ  самимона қабул намудаву вобаста ба самти фаъолияти корӣ ва фарогирии  мавзӯоти дархостии онҳо масъулини зерсохторҳои қисми таълим, тарбия, хоҷагидорӣ, робитаҳои байналмиллалӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва дигаронро ҷиҳати иҷроиши дархостиашон вазифадор намуд.

 
10.12.2020 16:13

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ!


147.jpg - 84.67 Kb

Рӯзи 10-уми декабри соли 2020 дар асоси барқияи телефонии КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ва ташаббуси бевоситаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 26 –умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби ормонҳои миллӣ” бо иштироки аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов, муовини раиси ташкилот Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот Давлатшоҳ Каримов ва як қатор аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

 
10.12.2020 06:17

 

МАЪЮБОНРО ДАВЛАТ ПУШТУ ПАНОҲ АСТ

140.jpg - 102.45 KbРӯзи 9.12.2020 Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла, маъюбону камбизоатон, нафарони имконияташон маҳдуд дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба як гурӯҳ донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл кӯмаки модӣ аз қабили маводҳои хӯрока ва либосворӣ тӯҳфа намуданд.

 
09.12.2020 09:48

 

ҲАР ҶО, КИ КУНУН ҲАТС ЗАНАНД, ЗИКРИ КАМОЛ АСТ...

139.JPG - 140.32 Kb

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо раёсати ДДОТ ба номи Сариддин Айнӣ конфронси илмии байналмилалии онлайнӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид. Конфронс бо суханронии муовини ректори ДДХ оид ба илм доктори илмҳои педагогика Хайрулло Сабурӣ оғоз ёфт ва ӯ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуд. Аз ҷумла мавсуф аз баргузории ҷашни 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори Юнеско чанде пеш дар зодгоҳи шоир, шаҳри Хуҷанд доир гардид изҳори назар намуда, аз муҳимтарин дастовардҳои олимони донишгоҳ дар ин самт тазаккур намуд. Барандаи конфронс номзади илмҳои филология дотсент Саидумрон Саидов ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, иттилоъ дод ки ба конфронси имрӯзаи онлайнӣ донишмандон аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон хоҳанд пайваст.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ