• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
02.12.2020 12:21

 

ОМИЛҲОИ ХУДКУШӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

45.JPG - 140.80 KbСанаи 02.12.2020 бо ташаббуси мудири кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ н.и.п., дотсент Дадабоева Мадина Солибоевна дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Омилҳои худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он” бо иштироки намояндаи соҳаи Кор бо ноболиғон Саидзода Баҳрулло, устодону донишҷӯён баргузор гардид.

 
02.12.2020 12:07

 

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ИҶРО МЕШАВАНД


41.JPG - 111.99 KbСубҳи имрӯз, 02.12.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов С., муовинони ректор, деканони факултету мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, инчунин роҳбарони дигар зерсохторҳо баргузор гардид.

Дар маҷлис доир ба вазъи таълиму тарбия, масоили зимистонгузаронӣ ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҳар гуна беморӣ ибрози назар карда шуд. Дар охир тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин таъкидҳо ба самъи ҳозирин расонида шуда, иҷрои ҳатмии онҳо талаб карда шуд:

 
01.12.2020 10:39

 

ВИЧ/СПИД ҲАМ ВАБОСТ, АЗ ОН БИПАРҲЕЗЕД!

31.jpg - 52.88 KbРӯзи 1-уми декабри соли равон дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди Вич/Спид бо иштироки декани факултет н.и.п., дотсент Обидова Мунира, муовини декан оид корҳои тарбиявӣ Сафаров А., инчунин омӯзгорон н.и.п., профессор Маҷидова Бибиҳафиза, н.и.п., Рамазонова Раҷабгул, дотсент Кенҷаева Зарина, Турсунқулова Б., Атоева Л., Аминов А., Рустамова З., ва донишҷӯён мизи мудаввар доир гардид. Нахуст, профессор Маҷидова Б., атрофи бемории Вич/Спид суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳар инсон табиби худ мебошад.

 
01.12.2020 10:23

 

ВНМО-ТАҲДИД БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ҶАВОНОН

26.JPG - 215.52 KbИмрӯз, 01.12.2020 дар синфхонаи №6-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ бахшида ба рӯзи байналмилалии ВНМО дарси кушод таҳти унвони “ВНМО- таҳдид ба ҳаёти осоиштаи ҷавонон” баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханони пурмуҳтавои декани факултет н.и.х., дотсент Усмонов М.Б. оғоз шуд. Сипас, як гурӯҳ донишҷӯён зери роҳбарии Ҷаборзода Б., дарси кушоди худро доир ба ин беморӣ ва тарзи ҳаёти солим ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир бо муваффақият манзури иштирокчиён намуданд.

 
01.12.2020 10:12

 

1-УМИ ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВИЧ/СПИД

22.JPG - 194.32 KbСанаи 01.12.2020 дар факултети биология бо ташаббуси кафедраи биохимия ва генетика бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории ВНМО семинари машваратӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои биохимияи тиббӣ гузаронида шуд. Семинар бо сухани муқадимавии мудири кафедраи биохимия ва генетика н.и.б., дотсент Ғайратзода М.Х. оғоз шуда, сипас, оид ба нишонаҳои ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудан, мудири озмоишгоҳи МД МТШ-и №2 Амонов Б.П. маърӯза намуд.

 
01.12.2020 04:48

 

МО ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМРО ИНТИХОБ МЕКУНЕМ!

16.jpg - 113.10 KbСубҳи имрӯз, 01.12.2020 бо ташаббуси садорати факултети психология ва таҳсилоти фарогир, декани он н.и.п., дотсент Обидова Мунира Ибрагимовна инчунин мудири кафедраи психологияи касбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п., Дадабоева Мадина Солибоевна зери унвони “Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб мекунем!” аксияи “Гули сурх” барои пешгирӣ аз бемории Вич/Спид дар назди даромадгоҳи асосӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

 
01.12.2020 03:09

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН


1.JPG - 165.91 KbСанаи 30.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарон вохӯрӣ гузаронида шуд. Меҳмонон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломзода Боғигул, Акобирова Ҷавоҳир, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилбекиён Сатрина, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, капитани милитсия Шарифзода Нигора, намояндаи Вазорати тандурустӣ Кулобиева Раъно, мутахассиси бахши кор бо занони ноҳияи И.Сомонӣ Давлатзода Умеда, корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Насриддинов Ҳукмиддин иштирок намуда,

 
30.11.2020 07:08

 

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА ДАР

ФАУКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ

180.JPG - 187.17 KbРӯзи 30.11.2020 дар факултети иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми олимпиадаи донишгоҳӣ баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет н.и.и Зиёев Бунёд, мудирони кафедраҳо н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷонона н.и.и., дотсент Аюбов Диловар, ва н.и.и., Шодии Давлаталӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада ҷои аввал насиби Расулова Гулнора, ҷои дуюм Абдулоев Абдулохон ва ҷои сеюм насиби Бурихонов Акбар  гардид.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ