• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Wednesday, 25 November 2020 10:35
There are no translations available.

 

СӮҲБАТИ НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,  БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

143.JPG - 117.53 KbРӯзи 25 - уми ноябри соли 2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо бо мақсади ҷамъоварии фикру андешаҳои донишҷӯён дар бораи ИМД ва муайян кардани баъзе аз масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳо дар байни донишҷӯёни курси якум сӯҳбат гузаронида шуд.

 
Wednesday, 25 November 2020 06:29
There are no translations available.

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ДУШМАНАТ БОДО ПАРЕШОН, ТОҶИКИСТОН!

138.JPG - 221.60 KbРӯзи 23-юми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, душманат бодо парешон, Тоҷикистон!” баргузор гардид. Нахуст чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ҳусни оҳоз бахшид. Сипас, Маъди Абдураҳмонов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи “Парчами давлати рамзи Истиқлолияти миллӣ” маърӯза намуд.

 
Tuesday, 24 November 2020 11:17
There are no translations available.

 

ПАРЧАМАТ БОДО, ПАРАФШОН

133.JPG - 149.23 KbРӯзи 24-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо, парафшон ” баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедра н.и.и Аюбов Диловар оғоз бахшид.

 
Tuesday, 24 November 2020 11:13
There are no translations available.

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

129.JPG - 156.06 KbСанаи 24.11.2020 бо ташаббуси раиси ҷавонон, иттифоқи касаба ва раиси шӯрои духтарони донишҷӯёни факултети технология ва соҳибкорӣ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи "Парчами давлатӣ сарчашмаи Истиқлолият" баргузор гардид, ки дар он декани факултети мазкур н.и.т., дотсент Сияҳаков Сафаралӣ ва ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ Оев Шамсиддин пиромуни ин мавзӯъ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

 
Tuesday, 24 November 2020 03:48
There are no translations available.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

 
Monday, 23 November 2020 12:20
There are no translations available.

 

МАВҚЕИ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ДАР ПИРӮЗИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

122.jpg - 127.68 KbРӯзи 23.11.2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён бо номи «Раҳнамои ҷавон», ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ зери роҳбарии муаллими калони кафедра Бегова Фарзона амал мекунад, бо иштироки донишҷӯёни факултети химия ва инчунин намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ н.и.п. Аҳадов Зайниддин, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Хидиров Улуғбек таҳти унвони «Мавқеи Дирафши ковиёнӣ дар пирӯзии тамаддуни ориёӣ» бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
Monday, 23 November 2020 12:08
There are no translations available.

ПАРЧАМ РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

121.JPG - 178.95 KbСанаи 23 – юми ноябри соли равон дар толори бинои асосӣ бо ташаббуси бахши магистратураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – назариявии бо иштироки магистрантони курси якум баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханронии муовини ректор оид ба илм д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир оғоз ёфт. Дар идома аз ҷониби магистри курси 1-уми факултети таърих Соидов Соҳибназар дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи XYII – уми Шӯрои Олӣ дар пойдории истиқлолияти давлатии тоҷикон”,

 


Page 135 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в