• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Tuesday, 03 November 2020 11:15
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

179.JPG - 113.30 KbРӯзи 3.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи хуҷаста табрик намуд. Сарвари донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки бо шарофати қабули ин санаи муҳими тақдирсоз чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

 
Monday, 02 November 2020 15:38
There are no translations available.

 

“САД БАРГИ ҒАЗАЛ”-и КАМОЛ

174.jpg - 258.41 KbРӯзи 02.11.2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқ ва кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикситон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар бахшида, ба 700 - солагии шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Сад барги ғазал-и Камол” доир гардид. Дар чорабинӣ, донишҷӯёни соли 2-юм ва 3 – юми факултет баромад намуда, зикр карданд, ки асоси эҷодиёти ин шоири ширинсуханро ғазал ташкил дода, мавзӯҳои ғазалиёти ӯро инсондӯстиву раҳму шафқат, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ишқи пок дар бар мегирад.

 
Saturday, 31 October 2020 03:21
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30.10.2020 19:05, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Шоҳи Нидерланд Уилям Александр зимни табрикоти худ овардааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.

Ман бесаброна интизори идомаи кори муштаракамон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ҳастам. Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи бештар баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумиҷаҳонии мо нисбати захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад.

 
Friday, 30 October 2020 07:35
There are no translations available.

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

 
Friday, 30 October 2020 06:16
There are no translations available.

 

 

 

ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ

ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

152.JPG - 199.49 Kb

 

Субҳи имрӯз, аз соати 9:00 маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гашта истодааст.

 
Thursday, 29 October 2020 17:02
There are no translations available.

 

САЙРИ МАЪНӢ

129.JPG - 237.94 Kb29 -уми октиябри соли 2020 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти то мактабӣ ва ибтидоӣ, зери роҳбарии мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ–бадеӣ, дотсент Темур Ҳафизов бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ, дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ–фарҳангӣ таҳти унвони “Сайри маънӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода, муовинони ректор, устодону кормандони донишгоҳ, инчунин ҳунармандони шинохтаи кишвар, овозхони маъруф Файзалӣ Ҳасан, н.и.т, дотсент, фарҳангшинос ва сармуҳаррири барномаҳои радиои "Фарҳанг" Ҷонибеки Асрориён,

 
Thursday, 29 October 2020 05:51
There are no translations available.

 

МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"

 

121.jpg - 435.50 Kb28-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет ва меҳмонон аз Корея Ҷонг Ҳоил ва Ли Ҷонг Сук маҳфили "КИШВАРШИНОС" баргузор гардид.

Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард.

 


Page 140 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в