• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 17 October 2020 05:05
There are no translations available.

 

ШАНБЕГИИ  ДОНИШГОҲ БАҲРИ ОБОДОНИИ ДОНИШГОҲ

71.JPG - 371.57 KbСубҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Шанбегии мазкур таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ва ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Дар ин шанбегӣ, тамоми кӯчаҳои гирду атрофи донишгоҳ аз партовҳо ва хазонрезаҳо тозаву озода гардонида шуд.

 
Saturday, 17 October 2020 03:05
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.10.2020 18:49

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо шаҳодати он қадрдонӣ ва эҳтироми олие мебошад, ки мардуми Тоҷикистон нисбати Шумо доранд. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар муқобили хатару таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ба роҳи рушду шукуфоӣ гузашт.

 
Friday, 16 October 2020 10:48
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 солагии Камоли Хуҷандӣ

 

65.png - 209.38 Kb16.10.2020 11:47, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

 
Friday, 16 October 2020 06:07
There are no translations available.

 

ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ КИ ҲХДТ

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

 

64.jpg - 92.13 KbСанаи 15-уми октябри соли 2020  дар асоси нақша-чорабиниҳои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар кори Маҷлиси Раёсат Ҳамидиён Илҳомҷон – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил Саидович – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3, аъзои Ситод ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

 
Friday, 16 October 2020 05:04
There are no translations available.

 

Қадрдонии омӯзгорони донишгоҳ бо ифтихорномаи

КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ


56.jpg - 47.88 KbСанаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки доир ба натиҷаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, Расулзода Насимҷон-роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,

 
Thursday, 15 October 2020 11:53
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ЯТИМОНУ МАЪЮБОН

 

48.JPG - 257.55 KbДар асоси нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Убайдуллои Шамсулло бо донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ.М. суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфт. Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода низ суханронӣ намуда,

 
Wednesday, 14 October 2020 08:49
There are no translations available.

 

Самараи неки Маркази ресурсии забони англисии

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

43.jpg - 57.41 KbСанаи  13.10.2020 дар Маркази ресурсии забони англисии факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ курси такмили ихтисос, ки тӯлли ҳашт ҳафта, аз санаи 1- уми июл то 1- сентябр тариқи онлайн дар мавзӯи E- TEACH PROGRAM сурат гирифта буд, ҷамсъбаст гардид. Бояд зикр кард, ки дар ин барномаомӯзиш омӯзгорони зиёда аз 40 давлати дунё иштирок доштанд. Ба иштироккунандагон аз ҷониби Сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатҳои байналмиллалӣ тақдим карда шуд, вале бинобар сабаби вазъи пандемияи Covid-19, ин сертификатҳо

 


Page 142 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в