• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
28.08.2020 07:26

 

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30.jpg - 167.73 Kb28.08.2020 11:36, шаҳри Душанбе

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

 
27.08.2020 08:10

 

ДАРЕҒО, ГУЛНАЗАР ҲАМ АЗ НАЗАР РАФТ!

 

20.png - 726.01 KbДар факултет филологияи тоҷик бо ибтикори садорати факултет ва кафедраҳои он ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ сараввал декани факултет, Восиева Рухшона доир ба ҳаёту фаъолият, мақому шахсият, муҳимияти нақши эҷодии ин абармади таърихӣ баромад намуда, зикр кард, ки шоирони шаҳире чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва дигарон, ки тамоми умри пурбаракати худро фидои миллату давлат намудаанд, қарзи виҷдонӣ ва инсонии мо мебошад ва месазад, ки баҳри поси хотири эшон нишасту маҳфилҳо ташкил намуд, аммо чӣ тавон кард, ки ба қавли Саъдии бузург: “Як Умри ҳазорсола бояд, То ман яке аз ҳазор гӯям”, зеро маҳз  ҷонкоҳиҳои ин суханварон буд, ки ғунчаи сухану маънӣ дар чамани ҳар даҳан шукуфт. Ҳамчунин, декани факултети мазкур иловатан зикр намуд,  ки шоири маҳбуби мо Гулназар Келдӣ дар миёни дигар адибони муосир барои эҷод, бандубасти ба мавқеи суруди миллӣ машҳури ҷаҳон гардидааст.

 
26.08.2020 11:17

 

АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД, РӮЗИ ВИДОИ ЁРОН…

19.jpg - 230.18 KbАз ҷониби омӯзгорони кафедраи  назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба хотири гиромидошти сарояндаи мумтоз, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов , ки санаи 16 август дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт маҳфили ёдбудӣ зери унвони “Навҳа мекашад чун ман, абри осмон бе ту”  доир гардид. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна соли 1973 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

 
25.08.2020 09:20

 

Табиби ман ба ғайр аз ман касе нест...

12.JPG - 164.18 Kb“Рӯзи дониш-дарси сулҳ”, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида буд. Агар дар рӯзҳои аввали таҳсил мушкилоти риоя накардани талаботи ниқобпӯшиву нигаҳдории фосилаи байниҳамдигарӣ ба назар расида бошад ҳам, ислоҳи ин камбудӣ ба хусус бо ташаббуси ректори донишгоҳ, муовинони ректор, раёсати таълим ва садорати факултетҳо, муовинони декан оид ба тарбия, кураторони гурӯҳҳову навбатдорони муваззафгардида, бо ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин зина ба зина бартараф шуда истодааст.

 
22.08.2020 10:54

 

ХӮШАИ ИЛМ АЗ СУРАЙЁ ЧИДААСТ...

6.png - 812.78 KbСанаи 20.08.2020 олим, файласуф ва омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забони фаронсавӣ Султонзода Соқӣ Аслон рисолаи докториашро зери унвони “Масъалаҳои материя ва атрибутҳои он дар фалсафаи Ибни Сино ” дар назди Шӯрои диссертатсионии рисолаҳои доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарбаландона дифоъ намуд. Бояд зикр кард, ки Султонзода Соқӣ Аслон то ба зинаи дарёфти дараҷаи илмии рисолаии докторӣ солҳои 2007-2009 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафаи донишгоҳ буд.

 
21.08.2020 05:58

 

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи театри мусиқию мазҳакавии

ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ

 

21.08.2020 10:19, шаҳри Хоруғ

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати ифтитоҳи театри мусиқию маҳзакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ самимона табрик мегӯям.

Мардуми фарҳангдӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири пешрафти илму маориф ва санъату ҳунар ҳамеша кӯшиш мекунанд ва суннатҳои фарҳанги миллии тоҷиконро пос медоранд.

Вобаста ба масъалаи таъмини пешрафти фарҳанги миллиамон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта будам, ки мо бояд ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангиву маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Бо ин мақсад мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди инфрасохтори соҳаи фарҳангро суръат бахшида, ба ин васила барои рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим заминаи мусоид фароҳам оварда истодаем.

Ҳоло дар вилоят 325 муассисаи фарҳангу фароғат ва мактабҳои санъату мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар кормандони соҳа ҷалб шудаанд.

Тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии соҳаи санъат бо китобу асбобҳои мусиқӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, инчунин, барои бунёди боғҳои фарҳангу фароғат чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

 
20.08.2020 09:48

 

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон

 

20.08.2020 14:35, ноҳияи Рӯшон

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирфтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешавад.

 
20.08.2020 09:10

 

Ифтитоҳи Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

20.08.2020 13:42, ноҳияи Рӯшон

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Базаи навбунёди замонавӣ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, дорои 5 анбори бузургҳаҷм аз ҷумла, 3 анбори маводи ғизоӣ, як анбори маводи сухт, як анбори масолеҳи сохтмонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар маҷмуъ ин анборҳо иқтидори як ҳазору 500 тонна маводи зарурии рӯзгорро доранд.

Маврид ба таъкид аст, ки Базаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар ноҳияи Рӯшон бевосита бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзим даровардани нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сузишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавсимҳои гуногуни сол бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби беш аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир анҷом ёфтааст. Дар базаи мазкур бинои ду ошёнаи маъмурӣ сохта шудааст, ки 10 утоқи кории муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳуҷраҳои хоб барои кормандон дорад. Ҳамчунин дар ин бино ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои дастрасии мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ ду мағозаи доимоамалкунандаи фуруши маҳсулот низ таъсис ёфтааст.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ