• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
20.04.2020 13:18

 

Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии

омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

256.JPG - 224.27 KbИмрӯз, 20-уми апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

 
18.04.2020 11:46

 

Дарси кушод дар факултети биология

246.JPG - 191.76 KbИмрӯз, 18.04.2020 дар кафедраи ботаникаи факултети биология дарси кушоди тарбиявӣ таҳти мавзӯи «Тарбияи эстетикӣ ва экологӣ (тозагию зебоии  муҳит гаравӣ саломатию хушҳолист)» аз тарафи ассистенти кафедра  Сатторов Б. бо иштироки мудири кафедра н.и.б.  Қурбонов А., раиси кураторони донишгоҳ Баротова Г., раиси бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ Саидова Г., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

 
18.04.2020 08:18

 

Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву

назофат ва ободонӣ дар донишгоҳ

236.JPG - 397.02 KbИмрӯз, шанбе, санаи 18.04.2020 дар саҳни бинои асосиву дигар биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳравҳои атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчун анъанаи дерин бо кӯшиш ва ибтикори ректори донишгоҳ-Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо мақсади “Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву назофат ва ободонӣ” дар маконҳои зикргардида, шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.

 
17.04.2020 10:53

 

Имрӯз «Фурӯғи субҳи доноӣ» бош,

Гар қатра туӣ, фидои дарёӣ бош.

Дар арсаи илму фан маҷоле, ки турост,

Поён манигар, рафиқи болоӣ бош.

204.JPG - 230.94 KbБо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз

05.02.2020,    таҳти рақами №АП-1339 баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расида буд.

 
15.04.2020 08:32

 

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!

202.JPG - 294.50 KbИмрӯз ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва шахсияти барҷаста, чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, дар пояи нимпайкараи ин абармарди оламшинос  гулчамбар гузошт. Дар аснои маросими гулчамбаргузорӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ аз қабили Ҷамила Мӯсоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон ҳамроҳӣ доштанд.

 
14.04.2020 11:54

 

ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД

184.JPG - 272.31 KbБа ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва фарзонафарзанди миллат,  шахсияти барҷаста ва чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз, санаи 15-уми апрели соли 2020, аз боғи фарҳангию фароғатии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, дар назди марқади устод гулчамбар гузоштанд.

 
13.04.2020 07:56

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

6.bmp - 1.52 Mb

Республика Таджикистан

Проект «Развития высшего образования»

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

 

Контракт:  Закупка программного обеспечения СУО (Система управления обучением)

Номер контракта: ТГПУ/SH/05

Дата объявления: 13 апреля 2020 г.

 
09.04.2020 09:39

Баҳоро, навбаҳорӣ кун, зимистон рафт, медонӣ?!

175.jpg - 187.17 KbДар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ду рӯз қабл алвонҷи гулшукуфиву сабзбаҳориҳо ривоҷи тоза доштанд, вале ба ҳукми тақдир пас аз бориши борони пуршиддати баҳорӣ таназзули барф ғайричашмдошт ба назар расид, ки ин ҳолат, вобаста ба маҳалҳо тақрибан ба соати 21:00 санаи 08.04.2020 рост меомад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ