• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
03.02.2020 05:01

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ

МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА

8.bmp - 1.52 Mb

 

Республика Таджикистан.

Проект «Развития высшего образования».

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

Контракт: Изготовка видео-ролика «Тур по порталу»

Номер Контракта:  ТГПУ/IC/11

Дата: 03 февраля 2020 г.

 
28.01.2020 03:03

Ду лоиҳаи пешниҳодкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ

оид ба баланд бардоштани сифати таълим татбиқ гардида

истодаанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

55-5.jpg - 63.34 Kb

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мо- «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» бо маблағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ  ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 3115 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён гардид.

 
27.01.2020 05:32

 

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

44.jpg - 79.62 Kb27-уми январи соли 2020 тибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ аз натиҷаи дастовардҳо ва бурду бохти таълимгоҳ дар давоми соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 дар назди рӯзноманигорон ҳисоботи муфассал ироа намуд.

 
17.01.2020 10:56

 

Ҷаласа оид ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

28.jpg - 75.06 KbДар таърихи 17-уми январи соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласа вобаста ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

 
06.01.2020 11:21

 

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ

МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ

 

7.bmp - 1.46 Mb

Республика Таджикистан.

Проект «Развития высшего образования».

Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни.

 

 

Контракт: Составления справочника «Юридические и психологические консультации»

Номер Контракта:  ТГПУ/IC/05

Дата: 06 января 2020 г.

 
26.12.2019 08:01

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Муфассал

 
26.12.2019 08:29

 

 

ПРОФЕССОР ҒАФФОРӢ НУЪМОНҶОН БЕҲТАРИН КОРБАРИ САҲИФАИ

ИҶТИМОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

420.jpg - 50.48 KbТибқи назарсанҷии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон –ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтарин корбари саҳифаи иҷтимоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

 
26.12.2019 06:29

 

 

ТАБРИКОТ

418.JPG - 166.29 KbРаёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ Олимов Рустам Шоимқуловичро барои бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиш дар мавзӯи “Функционально-семантическое поле определенности/неопределенности  в разноструктурных  языках (на материале таджикского и французского языков)”  табрик намуда, дар корҳои илмии ояндааш комёбиҳо хоҳон аст.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ