• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
23.10.2019 11:19

 

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

21.JPG - 76.16 KbКоррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи инкишофи тамоми ҷодаҳо гаштааст. Барои мубориза бо ин амали номатлуб бояд ҳар як шахси ватандӯст мубориза барад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

 
21.10.2019 08:34

 

ХАТАРҲОИ МУОСИРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

IMG_0187.JPG - 6.08 MbИмрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои террористиву экстремистӣ таҳдид мекунад ва барои пешгирӣ аз он бояд дар якҷоягӣ мубориза бурд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол   пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм   ва экстремизм бо таъкиди хос   ҳушдор дода буд. Дар ҳақиқат ҳам  ду мафҳум- терроризм ва экстремизм дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Борҳо шоҳид ба он гардидаем,

 
18.10.2019 06:37

 

 

ШИРКАТ ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБӢ

16.jpg - 107.03 KbДар санаи 16 – октябри соли равон дар  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна-Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода-Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,

 
13.10.2019 10:05

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

13.10.2019 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд.

http://www.prezident.tj/node/21608

 
11.10.2019 03:30

Мо зидди тероризму экстремизм!

IMG_9787.JPG - 68.70 KbСанаи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети забони англисӣ  бо ибтикори омӯзгори ҳамин факултет  Мустафо Назриев мизи мудаввар таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур  иштирок намуданд.

 
10.10.2019 10:53

 

РӮЗИ ФАЛАК


"Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то

замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд."

(Эмомалӣ Раҳмон)

IMG_9738.JPG - 95.14 KbФалак жанри мусиқии қадимаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фалак” мақоми шоистаро соҳиб гардид. Барои ҳифзи мероси қадима бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб иди “Рӯзи Фалак” баргузор мегардад.

 
10.10.2019 08:11

 

«Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»

4.jpg - 213.25 KbБо мақсади ба донишҷӯён додани маълумоти бештар оиди бемории ВНМО/БПНМО вазъи эпидемиологӣ, роҳҳои пешгирӣ ва омилҳои гузариш, ташхис ва чорабиниҳо оид ба пешгирии  вирусҳои сирояткунанда, баланд бардоштани маърифати оиладории духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим,  санаи 9  октябри  соли 2019  дар толори  ДДОТ ба номи С. Айнӣ қисми тарбия, бахши кор бо духтарону занон ва шурои кураторон бо иштироки Алматов Абдуғаффор - муовини директори Маркази саломатии   муассисаи №8,

 
09.10.2019 11:26

 

Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии

занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа

(Форуми ҷумҳуриявӣ)

IMG_9610.JPG - 97.09 KbДар санаи 09.10.2019 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа, баргузор гардид.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ