• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРИ КӮДАКОНИ БЕСАРПАНОҲИ

ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ ҶАНГЗАДА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат наҷотбахши миллат аст. Зеро замоне ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва фурӯпоширо ба уҳда гирифт, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро, ки дар рафти ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта гуреза шуданд, ба ватан баргардонд. Ҳамин тавр, таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим бунёд ёфтанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ  роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

 
There are no translations available.

 

 

Табрикот

Раёсати илм ва инноватсияи

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ мудири

кафедраи ҳуқуқ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ

Ҳусайнов Аҳмадҷон Қурбоновичро барои бомуваффақият

дифоъ намудани рисолаи  докторӣ дар мавзӯи:

«Формирование и развитие топливно-

энергетического комплекса Таджикистана

(1929-2010 г.г.)» самимона табрик гуфта, дар фаъолияти

минбаъдаи илмию омӯзгории устод

бурдбориҳо орзӯ менамояд!

 

z 99.png - 77.66 Kb

 
There are no translations available.

 

Бахшида ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

z 100.jpg - 73.91 KbДар таърихи 10-уми майи соли 2019 дар бузургтолори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯъи “Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушд ва пойдории фарҳанги  миллӣ” бахшида ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 баргузор гардид.

 
There are no translations available.

Аксияи ҳозирҷавобӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ

z 98.jpg - 50.42 KbТибқи Нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон пайваста ба ифтихори ҷашну идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби дастаи волонтёрон дар Донишгоҳ аксияҳои ҳозирҷавобӣ бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён гузаронида мешавад. Аксияҳои мазкур аз бахшҳои таманиёт ва ҳозирҷавобӣ иборат буда, устодону донишҷӯёни дар он иштироккунанда бояд ба саволҳои пешниҳодградида ҷавобҳои дуруст диҳанд. Дар сурати ҷавоби дуруст додани иштирокчиён онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

 
There are no translations available.

 

Имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар

Рӯзи 8-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии хатмкунандагони бархе аз факултетҳои донишгоҳ бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ А. Байдуллоев бо намояндаи шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода», Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинов Манучеҳр баргузор гардид.

 
There are no translations available.

 

Таҷлил аз иди музаффар

z 93.jpg - 63.94 KbДар санаи 8-уми майи соли равон дар факултети забонҳои  романӣ-германӣ бо ташабуси кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ бахшида ба иди музаффар, “Рӯзи  Ғалаба” чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Кулобиев А, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Сайфуллоева З, муовини декан Одинаев А, омӯзгорони кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ Холматова Л, Сулаймонова Е, Наҷмуддинова Ф, Гулмирзоева Т,

 
There are no translations available.

 

Конфренсияи илмӣ-амалии забоншиносон

z 88.jpg - 82.00 KbИмрӯз 7 - уми майи соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо иштироки олимону профессорон ва омӯзгорони ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» бахшида ба амалигардонии «Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ» барои солҳои 2015-2020» баргузор гардид.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ