• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 21 March 2019 12:43
There are no translations available.

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрӯз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷӯёна, худбинона ва авомфиребона доранд. Дигар ин ки судҷӯйӣ ва авомили ба он иртиботдошта инсонро ба сӯйи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад.

 
Thursday, 21 March 2019 12:35
There are no translations available.

21 марти соли 2019Нозим Нурзода
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!Ҳамарӯза бахти ту пирӯз бод,      Чун дар айёми Наврӯзи фурӯзанда қарор дорем, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳии Наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду фарзонагӣ дар фазои Тоҷикистони азиз танин биандозад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи Наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки реша дар умқи таърих дорад, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад. Таманниёти худро ба сухани Фирдавсӣ хотима мебахшем:

 
Thursday, 21 March 2019 12:29
There are no translations available.

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд.

 
Thursday, 21 March 2019 12:25
There are no translations available.

Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст.

 
Thursday, 21 March 2019 12:17
There are no translations available.

Наврӯз яке аз бузургтарин ва қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии миллии мо ба шумор меравад. Дар ин рӯзи нав ҳар як нафар кӯшиш мекунад, ки ба таъмиру тармими хона машғул шавад ва сару либоси худ ва оилаашро нав кунад. Яъне ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки як навоварие дар манзили худ эҷод кунанд ва аъзои оилаашонро хушҳол намоянд. Ҳамзамон дар ин рӯзи нав дастархони пурнозу неъмате ороста, гирди он ҷамъ мешаванд ва шодиву хушҳолӣ менамоянд. Аз гузаштаи худ қисса намуда, ҳазлу шухӣ мекунанд ва рӯҳияи ҳамдигарро болида месозанд.

 
Thursday, 21 March 2019 12:14
There are no translations available.

Айёми хурдсолӣ, аснои бозӣ ягон ҳамсол ё хурдсолеро меранҷондӣ, бо номи бародару падараш, ё ягони хеши шӯрапушташ туро метарсонид.

Ақлу фаросати ба ном мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамон тифл бештар нест. Инҳо ҳам моро тарсониданӣ мешаванд. Аз номи «падарон»-и имрӯзаашон: чанд ташкилоти ба ном ҳомии ҳуқуқи башар, ки гӯё онҳо тавассути Парлумони Аврупою Сенати Амрико кормандони баландпояии Ҳукумати Тоҷикистонро ба рӯйхати «Магнитский» медароранду сафарҳояшонро ба хориҷи кишвар манъ месозанд.

 
Thursday, 21 March 2019 12:09
There are no translations available.

В этом году в Таджикистане праздник Навруз (Новый день) отмечается широко как никогда. Впервые в Душанбе состоится большой карнавал, пройдут другие не менее красочные массовые мероприятия. Встреча весны уже прошла в г.Нурек с участием многочисленных гостей. Много нового и необычного увидели они здесь.   По старой доброй традиции Навруз встречают с дастарханом «хафт син» (7 блюд на букву «с»), другими вкусными угощениями, спортивными играми бузкаши, суманаком (сладость из проросшей пшеницы), весёлыми аттракционами и пр. 

 


Page 198 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в