Friday, 03 February 2023 06:29 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РЕКТОР БО МАГИСТРАНТИ ХОРИҶӢ
Дар таърихи 3 феврали соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо магистранти Донишгоҳи Венаи Утриш Линда Либих, ки барои тадриси забони олмонӣ ба донишгоҳ ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташкили маҳфилҳо барои донишҷӯён ва курси таклмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавони шӯъбаи забони олмонӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан пешниҳод карда шуд, ки мутахассиси соҳибзабон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷўёни шӯъбаи забони олмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад ва барои тайёр намудани онҳо ба озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
|
Friday, 03 February 2023 05:50 |
There are no translations available.
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
2-юми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ширкат намуданд. Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо миёни донишҷӯён баргузор намуда, ҷиҳати дурӣ ҷустан ва огаҳӣ пайдо намудан аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки оқибати нохуб дорад, онҳоро огоҳ менамояд.
|
Thursday, 02 February 2023 06:54 |
There are no translations available.
ПАЙОМАДИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ НОГУВОР АСТ
Дар таърихи 2 феврали соли 2023 дар факултети психология доир ба никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он семинар баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, мутахасссиси Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим Худойдов Аҳмадҷон, декани факултет Дадабоева Мадина, профессори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Маҷидова Бибиҳафиза, устодони кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Назарова Зебонисо ва Рустамова Зарина ширкат ва суханронӣ карданд. Зикр карда шуд, ки никоҳи хешутаборӣ пайомади нохуш дорад ва дар никоҳи хешовандони наздик хатари тавлиди кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 46 % мерасад.
|
Wednesday, 01 February 2023 09:44 |
There are no translations available.
ДАР ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН САҲЛАНГОРӢ НАБОЯД КАРД
Дар таърихи 1 феврали соли 2023 дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаи тарбия ва муовинони деканон оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати хобгоҳҳои донишҷӯён ва шароити зисти онҳо, баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомот ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифроттгаро, назорати сару либоси устодону донишҷӯён, интизоми меҳнат ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.
|
Wednesday, 01 February 2023 07:37 |
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Назорати раванди таълим аз ҷумлаи масоили мубрами ҳар як донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар робита ба ҳамин масъала имрӯз, дар таърихи 1 феврали соли 2023 бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Иболуллозода таҳти роҳбарии муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони раёсати таълим ва танзимгарони шуъбаи таҳсилоти фосилавии факултетҳо иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди таълим, аз ҷумла фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, назорати иштироки донишҷӯён дар дарсҳои ҳузурӣ ва натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ниҳояти ҷаласа муовини ректор барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки дар оянда ба норасоӣ ва камбудиҳо роҳ дода нашавад.
|
Wednesday, 01 February 2023 03:31 |
There are no translations available.
НАЗОРАТИ ХОБГОҲҲО ТИБҚИ ДАСТУРИ РЕКТОР
Бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода муовинони ректор ва роҳбарони як қатор бахшҳо ҷиҳати назорат ба хобгоҳҳои донишҷӯён сафарбар шуданд. Мақсад ва ҳадафи ин чорабинӣ иборат аз он аст, ки вазъи санитарӣ, ҳолати қубурҳои гармидиҳанда, шароити зисти донишҷӯён ва амсоли ин масоил зери назорат гирифта шуда, дар ҳолати ҷой доштани нуқсон норасоиҳо рафъ карда шаванд. Тибқи ҷадвали муқарраршуда муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н. дар хобгоҳҳои №8 ва 9, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д.Ш. дар хобгоҳҳои № 6 ва 7, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Р.Қ. дар хобгоҳи №3, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н.Н. дар хобгоҳи №2 муттасадӣ таъйин гардида, муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати норасоиву камбудиҳо ба унвонии роҳбари муассиса ҳисобот пешниҳод намоянд.
|
Wednesday, 01 February 2023 03:27 |
There are no translations available.
ИБОДУЛЛОЗОДА: ЯК БИНОИ НАВИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА СЕ ЛАБОРАТОРИЯИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки зиёда аз 31 намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд. Инчунин Аҳлиддин Ибодуллозода дар идомаи гузориш ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ дар соли ҷорӣ, аз ҷумла як бинои 2-ошёнаи замонавиро барои донишҷӯёни факултаҳои химия, биология ва география баҳри самаранокии корҳои таҷрибаомӯзӣ мавриди истифода қарор дода, дари Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои хонандагони синфҳои 5-11 боз ва инчунин 3 лабораторияи навро дар факултетҳои физика, химия ва билогия ифтитоҳ менамояд.
|
|