28.08.2024 12:04 |
There are no translations available.
ИСТЕҲСОЛИ АВВАЛИН НАМУНАҲОИ МИЗУ КУРСӢ ДАР ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ
Мизу курсиҳои замонавии истеҳсолнамудаи парки технологии донишгоҳ барои беҳтару хубтар намудани шароити таълиму илмомӯзӣ ба синфхонаҳои таълимии факултети математика, химия, география, педагогика, технология, забон ва адабиёти рус дар соли 2023 истеҳсол гардида дода шуд, ки мизу курсиҳои ин факултетҳо ҳануз аз солҳои пешин дар факултетҳо хидмат мекарданду куҳнаву фарзуда шуда буданд.
|
28.08.2024 12:01 |
There are no translations available.
ҚАБУЛ: МАҚСАДИ АСОСИИ МО ДАСТГИРӢ ВА КӮМАК РАСОНИДАН БА МУРОҶИАТКУНАНДАГОН МЕБОШАД!
Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон имрӯз аз ҷониби ректори донишгоҳ дар саҳни бинои асосии донишгоҳ қабули шаҳрвандону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамаи арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон зимни суҳбат шунида шуда, масъулин вазифадор шуданд, ки дар доираи қонун муроҷиатҳоро баррасӣ ва тибқи тартиби қонунгузорӣ дастгирӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки муроҷиати имрӯза масъалаҳои интиқолу барқарор, таъмини донишҷӯён ба хобгоҳ, таҳсил дар зинаи магистратура, ихтисоси 2-юм ва идомаи таҳсилро дар бар мегирифт.
|
26.06.2024 10:20 |
There are no translations available.
ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ФУРӮҒИ ВАҲДАТ АСТ!
Бо гузашти замон ва бо шарофати сиёсати созандаву хирадгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон гардишҳои куллӣ ва марҳилаҳои нави таърихӣ ба амал меоянд. Мамлакатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ вобаста барқарории сулҳу субот ва амалӣ гардидани рукнҳои демократия дар Тоҷикистон хоҳони густариши муносибатҳои ҳасана дар соири арсаҳо бо Тоҷикистон мебошанд. Эътирофи равандҳои сиёсиву
|
20.06.2024 11:08 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ
“ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ МАОРИФ” ДАР ҲОШИЯИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
20 июни соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори донишгоҳи мазкур бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф”баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳ Сангинзод Дониёр оғоз намуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти
|
20.06.2024 11:00 |
There are no translations available.
ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 25 январи соли 2024 такид шудааст, ки “Тибқи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 зарари молиявӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ ошкор гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад. Аз ҳаҷми умумии зарари молиявии ошкоргардида 660 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 504 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли сипаригардида зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомонӣ муайян ва ба буҷети давлат барқарор гардидааст”.
|
15.06.2024 04:19 |
There are no translations available.
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ РУШДИ ЗАБОНИ ИШОРА, ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН
13-уми июни соли равон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни кишвар конфронси байналмилалӣ баргузор намуд, ки дар кори он олимони ин соҳа аз хориҷи кишвар ширкат ва маърӯза намуданд.
Конфронс бо сухани муқаддимавии Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур аз дохилу хориҷи кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.
|
15.06.2024 04:16 |
There are no translations available.
БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
12-уми июни соли 2024 Киргизбаев Абдуғаффор Каримҷонович, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯза Икромовна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи сафари кории хеш ташриф оварданд.
Зимни ташриф Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ меҳмононро истиқбол намуда, ҷонибҳо дар доираи суҳбат масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо ва
|
|
|
|