27.02.2019 09:44 |
Таҷлил аз 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ
Дар санаи 22-уми феврали соли 2019 дар толори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфт.
|
26.02.2019 05:55 |
Ҳамоиши илмӣ-амалӣ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд. Сароғоз муовини ректор оид ба масоили байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев роҷеъ ба ҳифзи забонҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан карда, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи давлат ба забони модарӣ ҳамарӯза меафзояд ва ҳифзу беолоиш нигох доштанги забони модарӣ вазифаи ҳамагон аст.
|
25.02.2019 08:59 |
Чорабинии фарҳангӣ
Санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Рӯзи артиши миллӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, математика, география ва филологияи тоҷик баргузор гардид.
|
23.02.2019 08:10 |
Чорабинии тарбиявӣ
Санаи 22 феврали соли 2019, таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бобониёзова Г. А. магистри ҳамин кафедра Бутаева Г. Т. бахшида ба «26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ» бо донишҷӯёни соли 3-юми ихтисоси физика-математика чорабинии тарбиявӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» Умаров У. С., муовини декан оид ба таълим Исмонов Ф., муовини декан оид ба тарбия Ниёзов С., мудири шӯъбаи магистратура Ахиева С., корманди раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Ф. ва зиёда аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд.
|
22.02.2019 09:54 |
Маҳфили «Сиёсатшиноси ҷавон»
Санаи 21-уми феврали соли 2019 дар факултети физика бахшида ба рӯзи 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-мубоҳисавии донишҷўён «Сиёсатшиноси ҷавон» баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он Толиб Амиров ифтитоҳ намуда, аъзоёни маҳфил ва устодонро бо рўзномаи он шинос намуд. Баъдан сухан ба донишҷӯёни курси 4-уми факултет Ашурова Лола ва Шукуров Зубайдулло дода шуд.
|
22.02.2019 06:23 |
Олимпиадаи донишҷӯён дар факултети химия
Дар таърихи 19.02.2019 дар назди факултети химия даври навбатии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада 21 нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои химия ва биология иштирок варзиданд. Рафти олимпиадаро омӯзгорони унвондор ва ботаҷриба назорат карданд.
|
22.02.2019 03:24 |
Наҳзат ва ормони қудрату салтанат
Муҳтавои матолиби матбуотию расонаии наҳзатӣ баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ дар масири салтанатхоҳӣ ва қудратталабӣ қадам мебардорад ва то имрўз орзуи барпо намудани давлати исломиро дар минтақа дар дил мепарварад. Ин орзу, чи дар хоб ва чи дар бедорӣ раҳбарияти наҳзатиро ҳамсафарӣ карда меояд ва масъулони ин созмони худхоҳ ва ифротиро оқибат ба дараҳаи ҳунун мерасонад.
|
|
|
|